Доктор Аюбӣ чеҳраи фарҳангии як торнамои тоҷикӣ шуд
Торнамои“Ахтари зулматсӯз” бо нишонии ( https://khfirdavs.wordpress.com/2011/10/28/poll/ )дарназарсанҷие , ки ахиран эълом намуда бо суоли “Хадамоти кадоме аз ин чеҳраҳои фарҳангиро тақдир мекунед?», аз хонандагонаш дар мавриди шахсиятҳои фарҳангии 3 кишвари форсизабон -устод Муъмин Қаноат,хонум Гулрухсор,Аскар Ҳаким,шоирони мардумии Тоҷикистон, Меҳмон Бахтӣ,раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Алиасғари Шеърдӯст,сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон,доктор Ҳуҷҷатуллоҳи Аюбӣ,раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО ва Шамсулҳақи Ориёнфар, намояндаи фарҳангии сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ширкат доштанд.Бар асоси натоиҷи як ҳафтаи назарсанҷӣ доктор Ҳуҷҷатуллоҳи Аюбӣ,Раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО бо касби 54/05 дарсади оро мақоми аввалро касб намуд.Дар ин назарсанҷӣ наздики 3 ҳазор нафар боздидкунанда аз Тоҷикистон,Эрон,Афғонистон ва Русия ширкат намуданд.
Торнамои ”Ахтари зулматсӯз» як торнамои хабарӣ ва таҳлилии адабӣ буда, бо забонҳои асосан тоҷикӣ ва як сахфаи англисӣ мебошад, ки рӯзона 29-то 31 ҳазор боздидкунанда дорад,ки бештари мухотабони он аз Тоҷикистон,Афғонистон ва Русияву Эрон будаанд.Ин торнамо дар соли 2007 тавассути Фирдавси Аъзам,шоир ва веблогнависи саршиноси Тоҷикистон ва яке аз бунёдгузорони веблогнависӣ дар Тоҷикистон таъсис шуда аз пурбинандатарин торнамоҳои ин кишвар маҳсуб мешавад.Ба гуфтаи Фирдавси Аьзам,бунёдгузор ва гардонандаи ин торнамо назарсанҷӣ ба сурати онлайн аст ва ҳамчунон идома дорад.
Шохмансури Шохмирзо
Share this: Like this:Армугоне аз кишвари дуст
Ба номи худованди чону хирад
К-аз ин бартар андеша барнагзарад
Пас аз 10 сол дубора барои саввумин бор бароям муяссар шуд то бори дигар ба кишвари фархангхези Ирони бузург, ки тухми мухаббати ин сарзаминро падару бобоён дар дилу чонам парвариш додаанд, сафаре дошта бошам.Сафар хадафе надошт чуз дидор бо волидон. Вакте ки ба фурудгохи Байналмилалии Машхад расидам, ачаб холате вучудамро фаро гирифт,ки гуи аз боги Фирдавси меомад.Ирон ва абармардоне чун Саъдию Хофизу, Фирдавсию Газзолию, Аттору Хайёму садхои дигарро дуруд хондам.
Дар ин навишта намехохам рочеъ ба чигунагии вазъияти кунуни ё бардоштам аз сафари Ирон чизе арз кунам, аммо дил хеле моил аст то харфе бигуям бобати як шахристони кучаки Ирон, бо номи Гунобод ки каблан ончо набудаам ва ин навбат банда ба ончо сафаре дуруза анчом додам.Ин шахристон чойхои дидании зиёде дорад.Аммо як чои хануз ба таври густурда кашфнашударо мемонад.
Ин сафар бароям фурсат дод то аз ин гушаи таърихи дидан намоям.Харчанд,ки ба Тус-оромгохи хаким ва хамосасори бузурги Ирон, холики Шохномаи безавол, Нишобур-зодгохи Аттори орифу Хайёми риёзидон сафархо анчом додаам, вале Гунобод аз аввалин минтакае буд,ки сафарамро огоз кардам.Дусти хубам чаноби Хасани Айюби,ки ахли хамин шахр аст. зимни ба тамошо бурдани атрофи ин шахри кучак аз таъриху гузаштаи он бароям кисса мекард. Бино ба ахбори дустам ин шахр дорои чахор канот будааст (канот- ба маънии обгузар, ё кахриз); каноти Касаба, каноти Дах, каноти Алиобод ва каноти Хасанобод. Шояд ба хамин хотир онро Чуйманд номидаанд,яъне сохиби чуйхо.
Гунобод маркази шахристони Гунобод вокеъ дар устони Хуросони Разави аст. Шахрисотни Гунобод бо масохати худуди 5902 килумтри мурабаъ дар 260 килумтрии Машхад карор дорад.Бумиёни ин шахр онро Чуйманд низ меноманд. Агар аз диди таърих нигох кунем, мебинем ки борхо дар Шохномаи Фирдавси шоири хамосасарои Ирон аз Гунобод ё Чунобод ёд карда ва ин маконро махали чангхои Турон ва Ирон донистаанд. Бино ба гуфти Шохнома ангор вазири Афросиёб дар Гунобод ба хок супурда шудааст ва мадфани у хам акнун дар Гунобод аст.
Кобили зикр аст,ки бузургтарин каноти чахон дар Гунобод карор дорад. Ин канот аз давраи Хахоманшиён то кунун омили хаёт ва тавлид дар шахри кавири Гунобод будааст.Ин канот ба шумораи 5207 дар Созмони ЮНЕСКО сабт шудааст.Бояд арз шавад,ки сарзабзию шодобии руху пайкари Гунобод аз оби чонбахши хамин канотхост.
Хуб, Канот ё кориз ё обгузар ё обканд ба рохе ки дар зери замин канда шавад то об аз он чараён ёбад, мегуянд. Канот каналест,ки аз дербоз барои мудирияти об дар замин месохтанд. Риштаи чохест, ки дар “чохи модар” сарчашма мегирад ва мумкин аст хазорхо метр ба тул бианчомад ки саранчом оби ин каналхо барои кишту кор ба сатхи замин мерасанд.
Бояд арз шавад,ки тулонитарин каноти чахон ва амиктарин чохи модар дар шахристони Гунобод карор дорад ки таърихи кандани он ба давраи Хахоманиши ва ё кабл аз он мерасад.Ирониёни бостон дар чандин хазор сол кабл даст ба ин ибтикори чадид зада ва онро кориз ё кахриз ном ниходанд.Бо ин ихтироъ ки дар навъи худ дар чахон то кунун беназир будааст, метавон микдори кобили таваччухе аз обхои зеризаминиро чамъовари кард ва ба сатхи замин расонд,ки хамонанди чашмахои табии оби он дар тамоми тули сол бидуни хеч кумаке аз беруни замин ба сатхи он чори гардад.Канот ки тавассути муканиёни ирони ихтироъ шуда хазорон сол собика дорад.
Бо вучуди ин ки чандин сол аз ихтирои он мегузарад, бо ин вучуд хануз хам ин равиши истифода аз об дар кисмати мухиме аз рустохо ва манотики маскуни ва кишоварзи ва домдории кишвар маъмул аст ва хатто яке аз аркони аслии кишт дар навохии хушк аст. Ин ихтироъ ки имруза шухрати чахони пайдо карда баъдхо аз Ирон ба бисёре аз кишвархои чахон интикол ёфта ва мавриди истифодаи мардум дар дигар нукоти дунё карор гирифтааст. Ин канотхо намоди айнии хамосаи зиндагии мардуми Гунобод аст. Каноти Касаба яке аз падидахои шигифтангези тамаддуни башари аст,ки ба далели азамат аз суе чанбаи устураеро ба худ гирифта ва аз суи дигар таваччухи бисёре аз муаррихон ва пажухишгаронро ба худ чалб карда аст.Каноти касаба аз хафт канали ба хам пайваста шакл гирифта ва дар мачмуъ беш аз 33 хазор метр тул дорад, теъдоди чоххоиу канот худудан ба 470 халка ва бар асоси баррасихои ба амаломада умки модарчохи (чохи асли) он байни 280 то 300 метр тахмин зада шудааст.Бунёди канот ба давраи Хахоманиши бар мегардад. Бино ба иттилои ба даст омада дар холи хозир беш аз 60% масири каналхо масдуд аст ва танхо канали аслии канот ки ба Касаба шухрат дорад, 150 литр дар сония обдихи дорад.
Дустам огои Хасан Аюби зимни кисса гуфтан маро ба назди вурудияе овард,ки ончо аз тулу умки ин чоххо сухан мерафт. Тулонитарин обгузаре ки то кунун дар Ирон хафр ё канда шуда 70 килумтр тули он аст ва амиктарин чохи модари обкандхои Ирон ба ривояте 400 метр ва ба ривояти дигар 350 метр умк дорад ва он марбут ба коризи “Касаба”-и Гунобод аст. Мухимтарин омиле,ки тули обгузарро мушахас мекунад,шеби замин мебошад харчи шеби замин камтар бошад тули канот бештар ва харчи шеб бештар бошад тули кориз камтар хохад шуд.Дар ин сафар бароям хамчуин насиб гашт то аз Масчиди Чомеъи Гунобод дидан намоям. Масчиди Чомеъи Гунобод аз бинохои арзишманди давраи Хоразмшохиён дар Хуросон аст, ки дар куи шарки (Касаба)-ин шахр вокеъ аст. Ин масчид бо накшаи ду айвони шомили сахн бо миёнсаро, айвонхои шимоли ва чануби, равок ва се шабистони сутундор мебошад.Омадан ва нишастан дар ин масчид касро ба дурихои дур мекашад.Пас шумо хонандагони арчманд агар ба Ирон омадед аз ин масчид хатман дидан фармоед. Пас аз нисфирузии як рузи хуршеди хамрохи дустам ва рохбаладам чаноби Аюби ба Мадрасаи “Нучумия” рафтам. Бинои ин мадраса дар куи шаркии шахри Гунобод дар вурудии масчиди ин шахр вокеъ аст. Ин мадраса аз ёдгорихои меъмории исломи дар давраи Сафавия аст, ки нишондихандаи арчу маком ва илму дониш дар ин шахр дар замони худ аст ки ба далели тадриси илми нучум ва афлок дар ин макон ба мадрасаи нучумия низ машхур аст.Онро хамчунин Мадрасаи илмия низ мехонанд.
Дар фосилаи на чандон дур ва дар наздикии Мадрасаи илмия Расадхонаи бостоншиноси карор дорад,ки аз ончо низ дидан намуде Музеи Гунобод вокеъ дар куи шарки дар махали масчиди чомеъ вокеъ гардида аст.Аз вижагии ин расадхона мавчуд будани мехроби тоърихии дигаре хаст,ки таи ковиш ва пайгирихои бостоншиноси ба намоиш гузошта шудааст.Дар ин расадхона метавон ашёхои кадимии мардуми гунобод, зуруфу ашёхои кадими, сикахои кадими, катибахои очарии мадрасаи нучумия ва чандин асари мухими дигарро дид.
Дар коргахи кузагаре рафтам душ
Дидам ду хазор куза гуёву хамуш
Ногох яке куза баровард хуруш
Ку кузагару кузахару кузафуруш
Инчо боз мехохам таваччухи шумо хонандагони азизро ба санъати сафолгари дар Гунобод чалб кунам.Дустам чаноби Айюби маро ба коргохи сафолгари мохири гунободи чаноби Тавассулли овард, ки бо у сухбати хубе доштам.Ва омадан ба ин коргох омиле шуд бар нигоштани чанд нуктае рочеъ ба уву ин санъат.
Вакте вориди коргохи сафолгари шудем, чарх мечархид ва дастони хунарманди сафолгаре ба кавли маъруф хокро ба хунар кимиё мекард. Ин сафолгари мохири гунободиро ном чаноби Тавассули буд, ки дар Гунобод уро шухрат ба тамом аст.Мавсуф 30 сол аст,ки бо дастони накшбандаш ризку рузии хонаводаашро дар миёни хоку обу рангу накш ба даст меоварад ва имруз ин хоку обу ранг хамдами уянду бо у ишк меварзанд.У ошики кораш хаст ва корашро дуст медорад.Махсули дасташро хамеша аз дохилу хоричи чи шахру чи кишвар мечуянд ва у аз ин хисоб завраки зиндагияшро пеш мебарад.Накшхои сафоли Гунобод асосан баргирифта аз устурахои ирони ва пуррамзу роз нишонаи хуввият ва асолати фарханг махсуб мешавад
Кобил ба зикр аст,ки санъати сафолгари дар Гунобод хаддиакал пешинаи панч хазор сола доштааст.Баррасихои бостоншиноси дар шахристони Гунобод нишон додааст,ки хаддиакал аз хазораи саввуми пеш аз милод сафолгари дар ин минтака ривоч доштааст. Сафолхои пароканда дар деворхои бостони ва чамъоваришуда аз лояхои тамаддуни ба дунболи канданихои бостоншиноси то авохири даврони Сафавия хамонанди сафолхои дигар деворхо ва зистгоххои Хуросон буда ва вачхи мушахас надоранд.Аммо аз авоили карни дувоздахуми хичри навъе сафоли чадид бо вижагихои хос дар Гунобод зохир гардида аст.
Дар мавриди Гунободу таъриху фарханги он метавон дахо китоб навишт, аммо инчо феълан суханро нукта мегузорем ва идомаи сухбатро мегузорем барои баъд.
Дустони азиз, чун дар ин навишта бештар аз Гунободу чойхои он сухан рафт,дар мавриди дигар чойхо мисли Ормогохи Хайёму Аттору, Гаазолию Фирдавсию дигарон ва хамчунин дар мавриди худи ирону ирониён дар сухбатхои оянда хохам гуфт.Феълан бидруд.
Share this: Like this:МАҲДИИ БАҲМАНӣ :ТАРҶУМОНИ ИШҚ
Гузидаи ашъорТАРҶУМОНИ ИШҚ
Мутаассифона, банда бо кулли осори Маҳдии Баҳманӣ ошно нестам, аммо ҳамин қисмати ашъор, ки дастрасам шуд, ҳуҷҷату бурҳони бетардид аст, ки ўро ба унвони шоир шиносам. Шоире, ки ҷонпораҳову дилрезаҳояшро пора – пораву реза – реза бо ваҳйи муҳаббат мавзун кардааст ва ҳолиё низ саломҳои бомдодиву башоратҳои шодӣ дорад ба ҷонҳои пазирандаву дилҳои иштиёқманд. Ба қавли худаш:
Кош, табъи аз тавонафтодаи Маҳдӣ дубора
Тарҷумоне месуруд аз шоҳбайти кибриёӣ.
Барҳақ, Маҳдии Баҳманӣ тарҷумон аст, тарҷумони сабзтарин чакомаҳои баҳор, тарҷумони маснавии абру борон, тарҷумони китоби мунаввари офтоб, тарҷумони заҳмату ҷиҳоди барзгарони шариф, тарҷумони оина, тарҷумони ишқ… Бо он ки ў ба табиат бисёр меандешад ва ҳар баргу гулу гиёҳро ба қаламрави шеъраш даъват мекунад, аслан шоири дардҳои иҷтимоъ аст, ки мехоҳад бо фитрати тилисмкушо гираҳҳои печопечи зиндагии ҷомеаро боз намояд. Чунонки дар тасвири ранҷи кишоварзон мегўяд:
Белу досу гову говоҳан рафиқи ўст, аммо
З-ин ҳама суде надида, з-ин намат тарфе набаста.
Ё дар шеъри «Шохаи зайтун» инчунин руҷўъ мекунад:
Саҳна моломоли ғавғои ҷидоле нобаробар,
Кўдакон беёру ёвар, чеҳраҳошон устухонӣ.
Агар ин ҳуруфро нафаре мегуфт, ки дар инзиво нишаставу дарро ба рўи офоқ бастааст ва иртиботаш бо дунё бо василаи як панҷара аст, ҳатман, ки каломаш чун меваи гармхонаҳо зебоӣ медошту таъм намедошт. Аммо ин номаҳои дардро оне иншо мекунад, ки сари азизро борҳо барои нисор ба Миллату Меҳан овардааст, бо белу досу говоҳане, ки зикр мекунад, борҳо кишту дарав кардааст, барои бунёди корхонаву иншооти мухталиф ва имороти шаҳристонҳо заҳмат кашидааст ва ҷону танашро ҳаргиз аз гудозишҳои паёпай дареғ надоштааст. Шояд бо ҳамин далел шеъри ў хушку бетапишу коғазӣ нест, балки зиндаву шодобу шўрангез аст, ки овои ҳар зарабонаш шуниданист. Чӣ нерўест, ки ўро аз сари кори мошинсозиву нигаҳдории обу барқ ва дигар саноеъ ба ҷаҳони бадеъву афифу мастури шеър мекашад. Ба ҷаҳоне, ки ў «рагҳояшро ба решаҳои дарахтон-ин бародарони замингири инсон гираҳ мезанад», ба ҷаҳоне, ки офтобу моҳаш ба саломҳои ошиқонаи ў посухи шўълавар медиҳанд ва инсонҳояш дар ишқ маъман меҷўянд. Барҳақ, он нерўи пинҳону пайдо нерўи ҷаҳонтасхири ишқ аст, ки ба ҳурматаш нўҳ осмон гирдгардонанд. Мухотаби ишқи Баҳманӣ инсонест, ки сулуки ҷовидонааш ба самти камол аст ва марҳала ба марҳала навтару зеботару расотар мешавад, зеро ҷавҳараш сиришта аз хубиву нағзиву некўиҳост.
Як фазилати дигари шеъри Баҳманӣ содагиву хушобиву бонамакии забони ўст. Шеваи гуфтори ў барои чандин миллион форсизабонони олам, агар аҳли Эрон бошанд ё Тоҷикистон ё Афғонистон, ё Порису Лус-Анҷелус, мақбулу ошност ва дар ин замина камтарин мушкилаву масъалае падид намеояд.
Метавон зиёд имтиёзу муҳассаноти каломи Баҳманиро баршумурд ё ҷурми андакеро ёдрас кард, аммо нигоҳи мо бештар на ба резакории ҳунарӣ, балки ба рўҳи шеъри ўст. Ба рўҳи барозидаи шеъраш, ки бо садоқати аладдавом ҳарами ишқро тавоф мекунад:
Ишқ, эй фархундаоташ, аз дами гарми ту дорад,
Маъбади хомўши ҷонам Каҳкашони рўшноӣ.
Орзумандам, ки сууди рўҳонии ин шоири мо ба сўи Каҳкашони рўшноӣ-яъне ба дилҳои мунири ишқпазир мустадом бошад.
ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН
Нигоҳе мухтасар ба зиндагӣ ва аҳволу ашъори Маҳдии Баҳманӣ
Маҳдии Баҳманӣ 9 меҳрмоҳи соли 1318 дар Теҳрон таваллуд шудааст.Эшон дорои панҷ фарзанд – як писар ва чаҳор духтар ба номҳои Ардашер,Афсона,Ифтихор,Озар ва Озода мебошанд.Бо даргузашти ҷисмонии ҳамсараш шодравон Маъсумаи Валёнӣ дар 29 меҳрмохи соли 1385 -и шамсӣ худ бо фарзандону наберагонаш рўзгор мегузаронад.
Дар соли 1345 бо ҳамкории адибон ва дўстони ҷавони он рўзгор –Фаридуни Муширӣ,Аҳмади Хотамӣ ва Баҳроми Ковиёнӣ чопхонаи “Ҳофиз” –ро таъсис дод.Ҳафт сол баъд ҳамроҳи хонаводааш ба вилояти Ҳурмузгон рафт ва дар он ҷо чопхонаеро ба номи Гутенберг бунёд ниҳод.Соли 1357 ба шаҳристони Караҷ омад ва чопхонаи дигаре ба номи “Санъати Шарқ”-ро таъсис дод ва парчами чопи Гутенберг-и Бандари Аббосро ба фарзандаш – Ардашер вогузор намуд(Вай худро яке аз парасторони фарҳанги Эронзамин медонад).
Пас аз оғози ҳамлаи Ироқ ба Эрон ба ҷабҳа рафт ва дар сафи муборизони роҳи озодии Ватан сангар гирифт.Чанде баъд ўро ба унвони намояндаи комилихтиёри ситоди бозсозии саноъати минтақаҳои ҷангзадаи Вазорати саноеъ ва сипас ба симмати муовини иҷроии ситод мансуб намуданд,ки дар бозсозии саноати минтақаҳои ҷангзада саҳм гирифт.Оқои Баҳманӣ дар роҳандозии корхонаҳои мухталиф,таъмири мошинҳои сабуку вазнин,корхонаҳои яхсозӣ ва нонпазӣ дар шаҳристонҳои Фов, Шуштар,Карха,Ободон,Солеҳобод,Элом,Ҳувайза,Аҳвоз,Кирмоншоҳ,Сарипули Заҳоб,Дезлии Курдистон дар амри пуштибонӣ аз размандагон ва ҳамчунин дар таҳияи имконоту шароити нерўҳои мутахассис барои нигаҳдории об,барқ,ҳавосозии бемористонҳои минтақаҳо ва шаҳристонҳои даргири ҷанг бо ҳамёрии ҳамсангарони Вазорати саноеъ хизматҳои фаровон анҷом дод.Пас аз поёни ҷанги ҳаштсола ба унвони мушовири таҳқиқоту омўзиши вазорати саноеъ дар умури интишорот таъин гардид.Соли 1376 духтараш Ифтихори Баҳманӣ иҷозатномаи чопу нашри маҷаллаи “Оинаи зиндагӣ”-ро гирифт,ки Баҳманӣ мудирияти иҷроии онро ўҳдадор шуд.Ҳамакнун,ин маҷалла дар миёни хонандагони соҳибзавқи эронӣ маҳбубияти зиёд дорад.
Маҳдии Баҳманӣ дар баробари ин фаъолиятҳои муфид дар кори табъу нашр ва густариши адабу ҳунар корҳои боарзиш анҷом додааст ва дар саҳифаҳои ин маҷалла бисёре аз ашъору мақолаҳои адибони тоҷикро ба нашр расонидааст.Баҳманӣ шеър низ мегўяд ва ба қавли худаш “агар шеър навиштаам,мухотабамро,ки ба ҳар ҳол аз қабилаи бузурги инсонҳо будааст,дўст медоштаам ва билохира агар чанд соле низ рагҳоямро ба решаҳои дарахтон – ин бародарони замингири инсон – гираҳ задаам,боз ҳам ишқ дарди аслиам будааст;ишқ ба хоку борварӣ ва ба паррандаву барг,ки гоҳ бисёр зеботар ва беҳтар аз инсонҳо қодиранд ба саломҳои ошиқона посух диҳанд”.
Муҳаққиқону мунаққидони Эрон дар мавриди ашъори Баҳманӣ нақду баррасиҳо анҷом додаанд.Аз ҷумла,профессор Саидҳасани Амин дар бораи шеърҳои ў менависад:”Шеъри Баҳманӣ асарест,ки бар хонанда ,шунаванда таъсир мегузорад ва ҳам худи шоир ба ҳамин манзур онҳоро иншо ва халқ кардааст.”
Дарвоқеъ,шеъри ин шоир ба ҳамаи қонунҳои шеър ҷавобгўст ва дар ниҳояти ҳунар эҷод шудааст.Ба назари профессор Амин шеъри Баҳманӣ аз ду вижагии муҳим бархурдор аст:яке бофти клоссик,вожагони фахим,баҳрабардории санҷида аз таъбирот ва истиъороти нав,дуюм,таъаҳҳуди иҷтимоӣ-ахлоқӣ,бе он ки бўи тазоҳур ва ранги шиор бигирад,ҳама ҷо дар шеъри Маҳдии Баҳманӣ ошкор аст ва ин аз дил бархоста ва бар дил менишинад.
Зиндаёд Аббоси Содиқӣ(Пидром)шоири номовари эронӣ зимни баррасию арзёбии ғазалҳои ў менависад:”Дар ҳавзаи ғазали муосир ғазалҳои ў сабки хос дорад;на нимоии сирф аст ва на қадимоии маҳз,ғазале “бедилвор” аст рангу луобе аз сабки ҳиндӣ ва шаклу шамоиле зоҳиран ироқӣ,мушаххасаҳои фаннии ин ғазалҳо,ки аз мутафарриоти баҳри ҳазаҷ аст,яъне мафъулу мафоъилу фаъулун.Ба таъбире дар баҳри мусаммани ахраби маҳзуф мебошад”.
Беш аз ин шеъри ўро намеситоем ва хонандаи хушзавқро ба хондани ашъори зебои ў фаро мехонем.
Ин сўхта дигар ба Худо хоми шумо нест,
Озурда ҳам аз санҷиши айёми шумо нест.
Тўфони ҷунун дар дили дарёияш, инак
Симои шигарфест,ки дар ҷоми шумо нест.
Сайёлии сарчашмаи хуршед ба ҷон дошт
Ин обилабарпой,ки ҳамгоми шумо нест.
Маҳсури тани хокиву оинаи хиштист,
Бо ҷомаи саргашта,агар роми шумо нест.
Дурдикаши майхонаву овораи ишқ аст
З-ин бодаи гулфом,ки дар коми шумо нест.
Ялдоиву яхбаста шавад гар,ки натобӣ
Зарринаи хуршед магар номи шумо нест?
Тафсири маҳу субҳиву тахдири баҳорӣ,
Гулзори хазондида,ки бар номи шумо нест.
Ҳар лаҳза шудӣ шефтаи турраву лаъле
Аз тубаву парҳез дар арқоми шумо нест.
Овои наи сўхтаву Маҳдиву шеъраш
Ангор,ки таскиндеҳи оломи шумо нест.
Аз шамъ пурс қисса
То жарфнои синаи ман захми ғам нишаст,
Он лаҳзае,ки риштаи улфат зи ҳам гусаст.
Оинаи мушаъшаи уммеду ишқи ман
Аз санги ҷаври он бути паймоншикан шикаст.
Дар сар ҳавои баҳр туро буд,эй аҷаб
Мондӣ бад-ин уқубати гумроҳ пойбаст.
“Аз қилу қоли мадраса ҳоли дилам гирифт”1
Бар ман самоъи сўфии чашми ту роҳ баст.
Аз шамъ пурс қисса,ки шабҳои интизор
Хандон даруни оташи ҷон метавон нишаст.
Маҳдӣ,тариқи меҳр маҷў аз паривашон
Эй ту ҷафогурехта,инони ҷафопараст.
1.Аз қилу қоли мадраса ҳоли дилам гирифт,
Якчанд низ хидмати маъшуқу май кунам.
Афсуни каломи ту
Лаҳзае аз ту дили девонаам ғофил нашуд,
Ҳарчи аз ташвиши хотир гуфтамаш,оқил нашуд.
Хира шуд бар килки девони ту чашми ҳастиям
Ҷуз ба афсуни каломи ту дилам моил нашуд.
Ҷуръанўши бодаи шеъри ту шуд пири дилам
З-ин майю майхона пири ман даме ғофил нашуд.
Шуд вуҷуди ташнаам сероб шеъри ноби ту
Раҳраве чун ман ба коми хештан восил нашуд.
Нақши садҳо орзу бар об шуд,аммо даме
Тарҳи рухсори ту аз лавҳи дилам зоил нашуд.
Маҳдии саргаштаро чун мавҷ аз дарёи ту
Баҳрае ҳосил ба ғайри силии соҳил нашуд.
Уфуқи сабзи нигоҳ
Уфуқи сабзи нигоҳи ту чу рў бинамояд,
Занги ғам з-оинаи хотири ман бизудояд.
То бароям даме аз пилаи танҳоии хеш,
Нофа соидани боди саҳарам хуш ояд.
Сухан аз он шаби маҳтобу туву соҳилу рўд
Дари уммед ба рўи дили ман бигшояд.
Хасу хокистари ин кўҳна уҷоқ афрўзад
Боз ҷон гираду бар оташи дил афзояд.
Мижа бар ҳам назанам пеши ту оинасифат
То бубинам,ки нигоҳи ту чӣ мефармояд.
Маҳдӣ,ар з-оташи ишқи ту гудозад на аҷаб
Шамъро сўзи дил аз шавқи шумо мебояд.
Андалебе дур аз боғу баҳоронам ҳанўз
З-ин сабаб бо мурғи шаб аз дард нолонам ҳанўз.
То ҳисори шаб фурў пошад зи гирдогирди ман
Чашмаи хуршед ҷўшад аз шабистонам ҳанўз.
Ҳамчу шамъе чашм дар роҳи ту,эй субҳи умед
Мечакад ҳар шаб ситора аз ду чашмонам ҳанўз.
Бегумон ишқи худоӣ бо ҳавас олуда нест,
Ҳамчунон дар мактабат ин дарс мехонам ҳанўз.
Эй тавофи Каъба воҷиб гашта аз обои ту
Ман дар ин водӣ ба дунболи ту ҳайронам ҳанўз.
Бо баҳорон то дароӣ эй насими орзу
“Бар сари имони худ чун бед ларзонам ҳанўз”.1
Маҳдиям,бо кўлборе орзу,дасте тиҳӣ
Зоири байтулвисоли рўи ҷононам ҳанўз.
1 .Чу бед бар сари имони хеш меларзам.
Ваҳ чӣ ширин аст эҳсоси шарифи бериёӣ,
Аз варои марзҳо,фарҳангҳо,ҷуғрофиёӣ.
Ҷазбаи пуршўри чашме дод ваҷди сўфиёнам
То чунин бар гирди худ чархам ба шавқи ошноӣ.
Ҳуҷҷату бурҳони имонест таҳлили каломаш,
Чашми саввум барнаметобад таъассуф,хешроӣ.
Бо бароат хонамаш нури мубину арзи ҳастӣ
Гўи оташбори хуршеду фараҳбахши зиёӣ.
Нокасайнро во ниҳода бар арўси хушки пистон
Аз хирадварзон пазиро нест расми бевафоӣ.
Бо хати хуш нақши ў раҳ бурд бояд то ҳақиқат
Дур аз олудаҷонӣ,пой то сар порсоӣ.
Ишқ,эй фархундаоташ,аз дами гарми ту дорад,
Маъбади хомўши ҷонам каҳкашони рўшноӣ.
Ҷуз туву номи ту ҳар лафзе,ки ояд бар лаби ман
Чист илло ҳарзалоӣ,худситоӣ,жожхоӣ.
Кош табъи аз тавонафтодаи Маҳдӣ дубора
Тарҷумоне месуруд аз шоҳбайти кибриёӣ.
Бо шўълаи нопадид умрат тай шуд,
Маъсури таъаллуми кадуи май шуд.
Анбонаи пуки жожхоӣ ,охир
Тадбири матини фикри Маҳдӣ кай шуд?
Ба ёди бузурги ҳамеша Аҳмади Шомлу
Гарчи ҷорӣ гашта сели ашк аз чашмам чу рўд,
Санги ҳасрат гар занам бар сина баъд аз ин чӣ суд?
Ҳиҷрати бериҷъати дар пеш дорад “Бомдод”,
То ба хоки худ бигўяд он чиро ногуфта буд.
Дастҳои ошиқӣ ку то кунад аз хоки ў
Маъбаде,хишту гилаш,ҷонпораи шеъру суруд.
Ҳамсафар бо фавҷи мурғони муҳоҷир з-ин қафас
Нимаи шаб рў ба соҳилҳои дигар пар кушуд.
Як сари мў кам нагардад з-ин сиёвушӣ ба дил
Оташе марг ар,ки аз бому дараш ояд фуруд.
Тобнокандеша ин фарзонаи Эронзамин
Ҳамраҳи хуршед занги зулмат аз олам зудуд.
Дар фазои дерсоли фикриат Маҳдӣ бихон
Бар равони поки фарҳангофаринон сад дуруд.
Эй бинозам ҳиммати…
Тасвири кишоварзони шариф –рўзгор ва ситези беамонашон бо падидаи фақру гуруснагӣ
Пои пур аз таъвали дард асту дасти пинабаста,
Бар ҷабини пир,гарди меҳнати даврон нишаста.
Белу досу гову говоҳан рафиқи ўст,аммо
З-ин ҳама суде надида,з-ин намат тарфе набаста.
Ҷомае пурвасла дорад,ҷисму ҷоне захму таъвал
Эй бинозам ҳиммати ин жандапири дилшикаста.
Ҷавҳари кори мудомаш базру шухми обёрӣ
Гарчи аз ин раҳгузар тори дилу ҷонаш гусаста.
Хирмане гандум барои пораи нони ману ту
Гирд орад хўша-хўша ,соқа-соқа,даста-даста.
Хўшае чидӣ агар Маҳдӣ аз ин хирман ба шеърат
Пок кун гарди ғам аз рухсораи ин марди хаста.
Андешаи парвози фазои дигарат нест,
К-аз бориқаи ишқ ба ҷон болу парат нест.
Чун шохаи хушкидаи ин боғи хазонӣ
Уммеди баҳорону сари баргу барат нест.
Ҷуз хеш надидиву набинӣ,ки надонӣ
Чашми ту ба ҷуз оинаи худнигарат нест.
Ҳамнаъра машав ҳарзагии зоғу зағанро
Гар шўри ҳамовойии мурғи саҳарат нест.
Бо Маҳдии шўрида бизан ҷом,гар имшаб
Парвои шаби арбадаву шўру шарат нест.
Зи тундарҳои беборони ин абри парешида
Парешон аст ҳоли киштзорони балодида.
Чунон хиссат гирифта осмони сарзаминамро
Ки мебандад сила хоки аташзорони тафтида.
Тиҳӣ гардида ҷоми рўдҳо аз ҷўшиши ҳастӣ
Гумонам чашмаи хумхонаҳо дерест хушкида.
Таракҳои замини тафзада дар димзорон боз
Ҳикоят мекунад аз фақри деҳқони ситамдида.
Кадевар гуфт бо абри ақими холӣ аз борон
Сазоворе,ки бошӣ борвар бо ройи санҷида.
Наборад ашк агар ин гунбади нилӣ зи чашмонаш
Мароратҳои бепоёни Маҳдиро нафаҳмида.
Абри беборон ғуборе беш нест,
Боғи бегул хорзоре беш нест.
Ташна афтодаст дашту кўҳи мо
Мазраъи мо,ҷангали анбўҳи мо.
Лола дилхун шуд ба хок аз ташнагӣ
Дона мадфун шуд ба хок аз ташнагӣ.
Оҳувон аз даштҳо бигрехтанд
Ҷои мушк аз нофаҳо хун рехтанд.
Ҷумла табхол асту товал хоки мо
Аз лиҳеби абри оташноки мо.
Чашма хушкидасту хушкидаст боғ
То сароб,эй ташна ,ку чашму чароғ.
Гўр гирифт аз ташнагӣ боғи дилам
Тоза шуд бори дигар доғи дилам.
Абр хис(с)ат мекунад ё осмон
То фитад аз кори дасту досамон.
Сўхт аз бедоду хашми офтоб
Киштзорон пеши чашми офтоб.
Эй Худо,абре зи дарёе барор
Базри бороне бар ин саҳро бикор.
То биҷўшад чашмае ҳар гўшае
То шавад ҳар хўша моро тўшае.
Аз танўри деҳ барояд бўи нон
Нон фаровон аз барои мардумон.
Бўи нони тоза Маҳдиро гирифт
Дар фазои тоза шеъраш по гирифт.
Ҳайратзадаи макри ту, рўбоҳи дурангам
Бо он ки қавипанҷатар аз шеру палангам.
Селоби хурўшандаам, эй қуллаи мағрур
То чанд занӣ пои шитобанда ба сангам.
Ман дар талаби баҳру ту бо силсилаи санг
Хоҳӣ,ки диҳӣ ҷой дар ин дарраи тангам.
Эй қулзуми тўфонзада,ҳаргиз наҳаросад
Аз ҳийманаи хашму хурўши ту наҳангам.
Бо лашкаре аз мавҷ ба соҳил бигурезӣ
Чун дарнигарӣ арсаи тўфонии ҷангам.
То з-ин хами найранг нагирад дили ман ранг
Ё румии Румам ману ё зангии Зангам.
Ман Маҳдии маҳди ғазалам, гар накашонад
Бетобии гаҳвораи зулфе ба дирангам.
Фарози қуллаи субҳи баҳру ҷоми шаробе
Ду байти ноб зи Хайёму бонги чанге рубобе.
Зи кабки ғулғула печон даруни дарраву доман
Ки сангу сахра бигўяд ба шўру шавқ ҷавобе.
Хушо раҳо шудану тан ба дасти бод супурдан
Аз ин сароб гузаштан ба бўи ҷуръаи обе.
Хушо гурехтан аз худ зи бекаронаи ҳастӣ
Ба қалби ҳодиса ҷастан чунон ки тири шаҳобе.
Баҳору намнами борону сукри сабзаву гулҳо
Бинўш Маҳдии озурда соғари маи нобе.
Шуда осмони чашмаш ҳама шаб ситораборон
Зи фиреби фитнасозон,зи гуноҳи нобакорон.
Ҳама нахлҳои Кўфа аташ асту дуду оташ
Чӣ кунад агар нагиряд ба фарози нахлзорон.
Дили ў диле,ки бар ҷон ҳама захми дашна дорад
Ҳама шаб чу лола сўзад ба канори доғдорон.
Ба кадом кўҳ гиряд?Зи кадом най нолад?
Ҳама шаб агар нагўяд ғами дил ба чоҳсорон.
Шабу то саҳар нахуфтан,ба ситора роз гуфтан,
Ки даре Худо кушояд,ба дили умедворон.
Аташи дигар надорад дили Маҳдӣ аз ду олам,
Шавад аз ғубори роҳи шаҳи мулки шаҳсаворон.
Қасам ба сукри каломат,ки бе ту дар таъаабам
На нағмае ба гулўям,на хандае ба лабам.
Дилам ба зулмати шабҳои бе ту раҳ гум кард
Биё,биё,ки туӣ офтоби рўзу шабам.
Чӣ бехабар,мани ғамдида,оҳ мебинӣ?
Чӣ мекашад дили девона аз лиҳеби табам.
Нигоҳи гарми ту ку то ба лаб ниҳад имшаб
Ба рағми ин ҳама ғам ҷоми бодаи тарабам.
Кунун,ки замзама ҷорӣ бувад ба номи сухан
Ман аз сукути ту,Маҳдӣ,аҷиб дар аҷабам.
Зи ишқе сўхтам бар бод шуд хокистарам,гардам
Ки ҳамчун гарди бод аз дард гирди хеш мегардам.
Ба дунболи ту, ай рангинтар аз боғу баҳору гул
Чу мурғе ошёни хештан гум мекунам ҳар дам.
Ту сарви сояпарвардӣ,баҳорони гулафшонӣ
Мани афсурдаҷон,аммо хазони пири дамсардам.
Даруни маъбади ишқи ту чун шамъе ба оромӣ
Ҳама ашкам,ҳама сўзам,ҳама оҳам,ҳама дардам.
Агар бовар надорӣ қиссаи дил,боз мегўяд
Забони ашки хунинам равон бар чеҳраи зардам
“Ҳазорон захми корӣ дорам андар дил”1 зи дасти ту
Агар дармон намебахшӣ, чаро афзун кунӣ дардам?
Манам Маҳдӣ,ки аз офоқи рангини хаёли худ
Ғизоли кўҳии ман ин ғазал баҳри ту овардам.
1.Аз Маликушшуарои Баҳор.
Ҳикоятҳо кунад аз бевафоӣ.
Вуҷуде на,наи ларзандаҷоне
Зи сўзи сина менолиду мегуфт
Азизи меҳрубони ман куҷоӣ?
Насимосо гузаштӣ аз ман,эй дўст
Магар ин буд расми ошноӣ?
Гули ман,бе ту аз гулҳои ин боғ
Насиб омад маро доғи ҷудоӣ.
Ба ҷуз дарди мани дармонда бошад
Табибонро ба ҳар дарде давое.
Ало эй ғамгусори дардмандон
Ки ҳамзоди ғами дерини моӣ.
Бар ин мискин чу Маҳдӣ, нола сар кун
Агар дорӣ дили дардошное.
Чашои сабзи ту боғи биҳи Худо диёри ҳура
Шоха-шоха ҳама шеъри хўша-хўшаи пурнура.
Миллиёрдо Каҳкашун бо ун маҳу ситора
Пеши хуршеди чашот то дунё дунёс суту кўра.
Сурхии ғунчаи лабҳоту надора гули ваҳшӣ
Вақте ки ҳарф мезанӣ мазаи ҳарфот шур-шура.
Мавҷи гесут рўи шуна,медунӣ ба чӣ мемуна?
Боруни талои шур-шур рў ба соҳили булура.
Дили ман танге барот,расми замунаас,вале ҳайфа
Ки миюни ману ту кўҳи баланде,роҳ дура.
Медунам ба ҷои дил оҳани сарде туи синаат
Дили ман якерў нашкан,ки восат санги сабура.
Теҳрон –Урдубиҳишти 1345
Ин рўзо вақте ки олбуми дилу во мекунам
Ҳама ҷо акси қашанги туру пайдо мекунам.
Ҳарфе,ки баром дикта мекардӣ ёдате?
Ҳоло ман ҷумла ба ҷумла восат иншо мекунам.
Зўҳри я рўзи тобистун ту қасам хўрдӣ баром
Ки ту хобам ҳамеша туру тамошо мекунам.
Ту дорӣ бо ҳама ишқат ману ҳошо мекунӣ
Ман барой ту худаму расвои дунё мекунам.
Дидӣ вайрунии дил сарат намеша?Чӣ бигам?
Боз дорам ин ҳама зулми туру ҳошо мекунам.
Ага ёди ҳарфову хотираҳомун бизора
Баҳори гумшудаму дубора пайдо мекунам.
Бандари Аббос-Баҳмани 1354
Аге ун лабҳои хандуни туру ҳеҷ ки надора
Шур-шури ашкои ман ҳам миси боруни баҳора.
Ин ба ун дари ҳисобам бо зиндагии пок медунам
Дига ҳеҷ вақт баро ман зиндагӣ зеру рў надора.
Аз ҳамун вақт,ки барош туи дилам я хуна сохтам
Ҳама ҷо шаб мехоба,ин ҷо вале по намезора.
Дафтари зиндагиму касе наметуна бихуна
Бас,ки аз абри чашом рў сафаҳош борун мебора.
Бо вуҷуде,ки дилам зи бевафоиш пурхуна
Намехом қабул кунам дурӣ фаромўшӣ меёра.
Теҳрон –Хурдоди 1349
Малолангезу ғамгинӣ, шабу вайронаро монӣ
Парешонхотирӣ,овораи девонаро монӣ.
Зи хайли нағмапардозони рангинболи ин гулшан
Ба ҷамъи пурфуруғи анҷуман бегонаро монӣ.
Туву хоби фаромўшиву хомўшиву танҳоӣ
Ҷудо афтода аз май соғару паймонаро монӣ
Гурезон аз ту шўру шодиву ишқу тараб,гўӣ
Ба базми бодахорон наъраи мастонаро монӣ.
Бад-ин афсурдаҷонӣ ҳамчу Маҳдӣ бесаранҷомӣ
Тиҳӣ аз майгусорон хилвати майхонаро монӣ.
Зи рўҳи сабзаву гул ай баҳори бедорӣ
Ба хоки мурда ниҳоли умед мекорӣ.
Т аз каронаи ин дашт зи меҳр гир маро
Паёми боғу гулу шўри ишқ меорӣ.
Бихон ба гўши дарахтони зарди поизӣ
Умеди сабзи шукуфтан,навиди ҳушёрӣ.
Бигў,ки мурғ ба тасбеҳу таҳният бархост
Баҷост оинадориву чашми бедорӣ.
“Чаман ҳикояти урдибиҳишт мегўяд”1
Мабод он ки зи каф ҷоми бода бигзорӣ.
Дарахти ҷони ту ,Маҳдӣ,пур аз шукуфа шавад
Даме,ки дил ба насими баҳор биспорӣ.
Аз чашми ғам гирифтаи абри сиёҳпўш
Ин кўҳ сабз биниву он чашма пурхурўш.
Пур шуд зи атри пунаву сукри ақоқиё
Айвони осмону дару дашти сабзпўш.
Вақти самоъ гул ба лаби ҷўй хуш бувад
Рақси дарахту базми майю бонги нўш-нўш.
Ман дилшикаста,хаста ба кунҷе дар ин миён
Ногоҳ расид ин хабар аз пири майфурўш:
Ҳангоми растхези гулу сабзаву чаман
Маҳдӣ,зи ҷоми лола маи арғавон бинўш.
Сарипули Заҳоб –Исфанди 1364.
Нишастаӣ ба каноре зи қилу қоли замона,
Чунон ки аз дили савдоият намонда нишона.
Зи чашмасори фараҳбахши бекаронаи ҳастӣ
Шудӣ чу биркаи хомўши даштҳои фасона.
Ба фасли ишқу ҷавонӣ,ало чаковаки хушхон
Бихон дубора ба шодӣ ба базми сабза тарона.
Ту худ баҳори тарабноки умри хештанӣ
Маҷў нишони муҳаббат зи роҳгузори замона.
Дигар қаландари шўридае наларзонад
Сукуни сурбии зулмат ба наъраҳои шабона.
Азизи дил ба паёми баҳор хушдил бош
Биё чу Маҳдиву бишнав садои чангу чағона.
Доми дили ҳазорон
Хайли хаёли рўяш ҳамроҳи боду борон
Ҷорӣ чу маҳ ба нармӣ то ваҳми бешазорон.
Аз ҷилвагохи маҳтоб,рақсон зи бўи зулфаш
Гесўи обшорон бо нағмаи ҳазорон.
Аз шарми чашми масташ дигар ба дилрабоӣ
Чашме намекушояд наргис ба ҷў канорон.
Он соғари лаболаб ,сўзон ба таъми оташ
Ангезад аз нигоҳе,дуд аз ниҳоди ёрон.
“Дар зулфи чун камандаш,эй дил, мапеч,к-он ҷо”1
Ҳар гоми тори мўе доми дили ҳазорон.
Маҳдӣ,зи офтобаш оина метаровад
З-он хуб дур бодо,чашми гунаҳгорон.
Бо хештанам,аммо аз хеш гурезонам
Озодаму дар бандам,ободаму вайронам.
Ишқ арчи бисўзонад,аммо зи шарори ў
Мафҳуми шукуфтанро дерест,ки мехонам.
Ин хашми ҷунуносо тарсам,ки ба тўфоне
Хомўш кунад як шаб оташкадаи ҷонам.
З-он шўъла ба пироҳан дорам шараре,к-охир
Чун шамъ барорад сар аз чоки гиребонам.
Паймонаи паймоне мондаст маро Маҳдӣ,
Бо санги риё машкан паймонаву паймонам.
Ниҳоли меҳри ту
Маро ба хеш бихон дўстдори деринам
Дубора зинда намо хотироти ширинам.
Шарори саркаши ишқат нигори деринам
Забона мекашад аз хирмани дилу динам.
Зи бешумори аташҳои рўзгор ,эй дўст
Маро умед ҳамин бас,ки бо ту биншинам.
Чу гарди бод ба туғён кашид кор,вале
Баҳори рўи ҳар дам кашад ба тамкинам.
“Маро ба хеш бихон” андалеби гулшани роз
Ки бонги шавқ барояд зи нои ғамгинам.
Ниҳоли меҳри ту сархуш ҷавона зад,гул кард
Биё,биё,ки бибинӣ баҳори рангинам.
Дили хароб зи мастӣ саҳар ба Маҳдӣ гуфт:
Ҳанўз масти шароби нигоҳи дўшинам.
Сўхтаҷон
Андўҳе ба ёди инсоне бузург
Бўи ҳулули ишқ таровад зи рўҳи хок
Чандон,ки нашъа медамад аз хок то симок.
Соҳибдилест сўхтаҷонтар зи офтоб
Сармасти ҷоми ишқ, на аз хуни сурхи ток.
Дандон фишурда бар ҷигару нои нотиқаш,
Хуноби дил зи чеҳраи афсурда карда пок.
Пирест хоста дар Ватани хештан ғариб
Дил баста ҳамчу бум бар ин тирагун мағок.
Маҳдӣ,зи теғи нолаи ин мурғи дардманд,
Дорад даруни сина яке қалби чок-чок.
Осмон хаставу дилмурдаву ҷангал мартуб
Офтоб аз нафас афтода
Равон сўи ғуруб
Зарду сурханд дарахтон зи ҳулули поиз
Партави нур ба рагҳошон низ
Ҷории нуқраи рўд аз сари кўҳсор ба дашт
Нарм-нармак ҳама ҷо дар гулгашт
Ва дар ин лаҳза,ки мепўяд
Туву шўру тарабу мастиву шайдоии хеш,
Маҳдиву зонўи ғамбаставу танҳоии хеш.
Лунак –Сиёҳкал –Меҳри 1382.
Дар фазои рубъу ваҳшат бо малоле ҷовидонӣ
Мезанам бо дасти баста нақши нопайдо ҷаҳоне.
Саҳна моломоли ғавғои ҷидоле нобаробар
Кўдакон беёру ёвар чеҳраҳошон устухонӣ.
Чашм ҳар ҷо медавад хун бинаду хокистари ғам
Бар палоси зардрўе нақши урёни хазоне.
Аз танўри синаи ҷўшони ёрони Фаластин
Шўълае хезад,ки сўзад решаи номеҳрубонӣ.
То Басиву Қосиму Дарвеш з-озодӣ сароянд
Оташ афшонад ба гетӣ сурхии оташзабонӣ.
Ҷоми заррини фалак,Маҳдӣ,зи Ромулло занад сар
Гул дамад бар шохаи зайтун умеди зиндагонӣ.
Теҳрон –Урдубиҳишти 1347.
Муъин Басив,Самеъ ал-Қосим,Маҳмуди Дарвеш –шоир ва муборизони муосири фаластинӣ.
Кунҷи танҳоии дил солики майхонаи хешам,
В-андар ин баҳри тафаккур дур(р)и якдонаи хешам.
Манам он соз,ки бо ёди шаби базми азизон
Сархуш аз нағмаи хомўши пурафсонаи хешам.
Шеванам бар шавад аз захмаи ёрони риёӣ,
Гарчи лабрези навои хуши ҷононаи хешам.
Ту агар моҳи булурини шаби хотираҳоӣ
Мани дарвеш уҷоқи дили вайронаи хешам.
Ту дар оинаи зебоии худ масти ғурурӣ
Ман,майю майкадаву соғару паймонаи хешам.
Маҳдӣ ,ар дўст шаробе надиҳад аз лаби нўшам
Кунҷи танҳоии дил солики майхонаи хешам.
Ҷилваи лутфи итоболуди чашми дилситонам
Озарахши беамон шуд шўъла зад бар хонумонам.
Бо хаёлаш то саҳаргаҳ дар сукути шаб барояд
Оташи ғам аз ниҳодам, дуди оҳ аз дудмонам.
Ҳамчу мурғи нимбисмил ин дили девона ҳар шаб
Дасту пое мезанад бар синаи дардошёнам.
Хезад аз шўру шарори рўзгори ошиқиҳо
Оҳи сарде аз уҷоқи синаи оташниҳонам.
Бозпас ҳаргиз наоям дар масофи кажмадорон
Бигсалад гар тору пудам,бишканад гар устухонам.
Ёди гулгуни шаҳидони Ватан умрест Маҳдӣ,
Медавонад Кархаву Корун ба чашми хунфишонам.
Барои бузургмарди поку шариф ,Устоди арҷманд ҷаноби оқои Иззатуллоҳи Фўлодванд
Эй иззати сухан ба ту аз мо дусад салом,
Дар ҷоми ту ҳамора маи нўши лаълфом.
Мурғи шитобноки хаёли ту мебарад,
Аз хокиён ба кишвари афлокиён паём.
Ту дўстдори шеъриву шеъри равони мо
Ҷорист мисли хун ба тани зиндагӣ мудом.
Бишкан сукути сарду бихон ошиқонае
То чанд теғи тез тавон дошт дар ниём?
Маҳдӣ,ки лаб ба бода наёлуда,ин замон
Соғар ба каф ба ёди ту дорад аладдавом.
Барои бузургдошти бародари фарзонаам –Муҳаммадалии Баҳманӣ
Он ҷо,ки вожаҳои насўзиш шукуфтанист,
Боғи пур аз шукуфае “Девон”-и Баҳманист.
“Гоҳе дилам барои худам танг мешавад”1
Ин матлаъи бадеъ зи шоир шуниданист.
Боғест пуртарона ҳама “Боғи лол”2- и Ў
Биштоб,к-ин тараннуми хомўш диданист.
Ғарқи шукуфтан аст ба ҳангоми баргрез
Боғи дигар магў,гули ин боғ чиданист.
Хуш мехиромад он-к дўшизаи ғазал
Шаҳду шакар зи нўши лаби ў макиданист.
Маҳдӣ,ки дар тариқи вафо шеър менавишт,
Мафтуни турфакрии “шоир шуниданист”3.
1,2,3 –номи китобҳои шоир Муҳаммадалии Баҳманӣ.
Шоҳмансури Шоҳмирзо
Share this: Like this:Маросими чашни Навруз дар сафорати Точикистон дар Техрон
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон маросими ҷашни Наврўз бо ширкати намояндагони Сафорат,донишҷўён ва тоҷикони муқими Теҳрон баргузор гардид.Рамазон Мирзоев,Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ибтидо ҳамаи ширкаткунандагонро ба муносибати Наврўзи хуҷастапай табрику муборакбод намуда ,сафари қарибулвуқуи Эмомалӣ Раҳмон,Раиси Ҷумҳури Тоҷикистонро барои ширкат дар ҷашни Наврўз дар ростои таҳкими муносибатҳои дўстонаи ду кишвар муҳим арзёбӣ кард ва изҳори умедворӣ намуд ,ки ин баҳор барои ҳамаи мардуми форсизабон пурфайзу бохосият бошад.
Сипас,донишҷўёни тоҷики муқими Қазвин бо барномаи консертию идонаи худ хотири ҳозиронро шод карданд.Ба ғолибони ин барнома Сафорати Тоҷикистон ва намояндагии тиҷоратии Тоҷикистон дар Эрон тўҳфаҳои хотиравӣ эҳдо намуд.
Шоҳмансури Шоҳмирзо,шаҳри Теҳрон.
Share this: Like this:Фиристодаи доно
Рамазон Мирзоев,Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон
Фиристода бояд,ки доно бувад,
Ба гуфтан далеру тавоно бувад.
Фирдавсӣ
Барои ҳар инсон ёфтани дўст воқеан сармоя ҳаст,бавижа,ки дўст меҳрубон,шоиста,фаҳмида ва ҷавонмард бошаду аз риёву кинаву ҳасад бадур бувад.Манзури ман аз ин пешдаромади калом ошноӣ бо Рамазон Мирзоев,Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад,ки бо амри қисмат дар маросими солгарди рўзи истиқлоли Тоҷикистон бо эшон ошно шудам.Он рўз саҳни бинои Сафорат пур аз меҳмонони дохилию хориҷӣ,намояндагони сафоратхонаҳои муқими Теҳрон ва мақомоту масъулону ҳунармандони эронӣ буд.
Сафир бо тавозўъи ба худ хос ва табассуми малеҳ ба меҳмонон хушомадед мегуфту Муродбек Насриддин,Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон бо лаҳни ширин барои ҳозирон суруд мехонд.Барои ман як чиз аҷоиб буд,ки Сафир бо ҳама -хурду калон,донишҷўю вазир,ҳамкору ошно яксон муносибат менамуд ва баръакси бархе мансабдорон,ки аз худ поинро нописандона мебинанду дар пеши калонтар аз худ(аз лиҳози вазифаю мақом) дум меҷунбонанд, ин сифатҳоро надошт.Сафир он рўз аз дастовардҳои Тоҷикистони азиз,ҳамкориҳои дутарафаи Тоҷикистону Эрон,сиёсатҳои хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон,Президенти мамлакат барои меҳмонону ҳозирон бо хушҳолӣ ҳикоят намуду аз рушду шукуфоии кишварамон дар оянда изҳори хушбинӣ кард.Ман,ки солҳо пеш Рамазон Мирзоевро тавассути туннели Данғара мешинохтаму аз фаъолияти роҳбариаш дар ин ноҳия хабардор будам,бори аввал буд,ки он касро аз наздик медидам.Ҳамон солҳо матбуоту расонаҳо бо шўру ҳангома хабар медоданд,ки туннели Данғара бо дарозии қариб 14 километр тақрибан дар қаламрави Иттифоқи Советӣ назиру монанд надорад.Тақрибан рўзе набуд,ки барномаи «Ахбор» дар бораи ин объекти дорои аҳамияти умумииттифоқӣ хабар ё гузоришу лавҳа нишон надиҳад.Албатта,кор кардан дар чунин объектҳои глобалию бузург ҳиммату шаҳомати махсус мехоҳад,ки на ба ҳар кас Худо ин неъматро медиҳад.Ман аз ошноии нахуст бо ин пири кор,бо ин фарди фарзона ва волоҳиммат дарёфтам,ки муваффақияти ў дар он солҳои пурзарбу ҳарб бедалел набудааст ва дар тинату ботини ин мард як шаҳомате нуҳуфтааст,ки андак касонро насиб мешавад.Ў табиатан ором ,бомулоҳиза,сабур ва камгап аст.Дар чанд нишасту бархосте,ки бо Сафир доштам,ба як нукта пай бурдам,ки ҳаргиз ба хашм намеояд ва чизе наметавонад асабонияш кунад.Ҳамин далел худ гувоҳ аст,ки инсони хурду кўчак наметавонад чунин сифатро дошта бошад.Сабру бурдборӣ хоси бузургон аст ва одамони пастмояву пастҳиммат аз он бенасибанд.
Бузурге гуфтааст,ки барои он,ки касеро хуб шиносӣ бояд ҳамроҳаш 40 кило намак хўрӣ.Одам шояд дар тамоми умр натавонад ин қадар намакро хўрад ва ин ишора ба он аст,ки шинохтани ботину ниҳоди инсон кори ношуданист ва дар бораи инсонҳо изҳори назар кори осон нест,чун инсон ҳамеша ба сўи хатову иштибоҳ меравад ва касе наметавонад гўяд,ки ман камбудӣ намекунам.Рамазон Мирзоев,марди ботаҷриба ва кордида ҳамаи ин андешаю фикрҳоро бо тарозуи инсофу хирад вазн намуда,тибқи онҳо амал мекунад.
Насли калонсоли мо медонад,ки Рамазон Мирзоев муддати 8 сол Котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Данғара –яке аз бузургтарин ноҳияҳои Тоҷикистон аз ҷиҳати қаламрав буд ва дар давраи роҳбарии мавсуф туннели Данғара ба кор даромад,ки аз оби он бояд 154 ҳазор гектар замини бекорхобида шодоб мешуд.Фаъолияти роҳбарии Мирзоев баъдтар дар вазифаҳои гуногун -Мудири шўъбаи сиёсати кишоварзӣ ва бозсозии деҳоти Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ,узви Шўрои Олии ИҶШС ва муовини Раиси Шўрои миллатҳо,Сармутахассиси Дастгоҳи Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон,Мудири Корҳои Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон,Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва аз октябри 2001 то кунун Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон будааст.
Давронии сафирии Рамазон Мирзоев дар Русия бемуболиға яке аз саҳифаҳои дурахшони корномаи ў ҳисоб меёбад,ки маҳз,дар ҳамин кишвар муҳимтарин санади таърихии миллати мо -Созишномаи сулҳу оштӣ ба имзо расид,ки дар ин арса нақши Сафири доно – Мирзоев сазовори таҳсин аст.Ба ҷуз ин,саҳми эшон дар бозгардондани оворагон,ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷирон,имзои чандин тафоҳумномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Русия ва мустаҳкамшавии робитаҳои кишвари мо бо ин давлат лоиқи таҳсин аст.Ошноию шинохти Мирзоев аз ин кишвар,ки Академияи илмҳои ҷамъиятиро дар Маскав хатм намуда буд,дар ин давра ба ў имкон дод
Сафир Рамазон Мирзоев бо адиби точик Шохмирози Хучамухаммад,Техрон
аз ин имкониятҳо истифода намояд ва ҷиҳати таҳкими пайвандҳои сиёсию иқтисодӣ ба кор бубарад.Дурахшиши кори Сафир дар ин давра аз касе пўшида нест ва худи интихоби эшон ба унвони Сафири Фавқулодда ва Мухтор бо масъулияти муовини сарвазир нишони он буд,ки мақомоти кишвар ба он кас боварию эътимод доранд ва ин масъулияти ҳассосу муҳимро ба он кас супоридаанд.
Ҳамин таҷрибаи корсози Рамазон Мирзоев сабаб шуд,ки аз собиқаи муваффақаш ба унвони Сафир дар Эрон истифода шавад.Мирзоев,ки акнун дипломати қавӣ шуда буд,дар ҳамон ибтидо азмро ба он ҷазм кард,ки ширкатҳои эрониро барои ҳамкориҳо дар тарҳҳои иқтисодӣ ба кор ҷалб намояд.Кас ба рушди чашмгири муносибатҳои иқтисодии ду кишвари дўст -Тоҷикистону Эрон нигариста,бешак, ба нақши фаъолонаю муҳими Сафир пай мебарад.Туннели Анзоб,нерўгоҳи обию барқии Сангтўда -2,сохтмони чанд бинои чандошёна дар шаҳри Душанбе ,фаъолиятҳои ширкати Порсмурғ ва чандини дигар ба унвони намунае аз фаъолиятҳои муштараки ду кишваранд,ки Рамазон Мирзоев дар роҳандозию шаклгирии ин нақшаҳо саҳми арзанда дорад.Мирзоев,ки худаш муҳандиси риштаи гидромелиоративӣ ҳаст,тавонист бо диди бозу дониши васеъ тавонмандию имкониятҳои мутахассисони эрониро баррасӣ намуда ,онҳоро дар корҳои муштарак бо кишварамон ҷалб намояд.
Вале барои мани қаламкаш бузургтарин фазилати Сафир одамияту одамгарӣ,тавозўю некнафсии ўст,ки инсон бо ҳамин хислатҳо зебост ва ин сифатҳо ҳам назди Худо азизанду ҳам назди бандааш.Дар кишваре мисли Эрон,ки беш аз 70 миллион аҳолӣ дораду тараққикарда аст,кори дипломатӣ саҳл нест ва боварии онҳоро ба даст овардан ҳам кори содда нест,аммо Сафири мўҳтарами мо ,ҳамчунонки аз сўҳбатҳои ман бо намояндагони касбу кори гуногуни Эрон маълум шуд,тавонистааст таваҷҷўҳи масъулони ин давлатро ба даст оварад .Вай бо дилёбию истифодаи зарифонаи шеваҳои дипломатӣ метавонад гапи худро дар вазоратхонаю идораҳои Эрон гузаронад ва ба нафъи ҳарду кишвар корҳои манфиатнок анҷом диҳад.Мирзоев бештари корҳоро на бо коғазбозию мактубнависӣ,балки бо равишу тарзи саҳеҳу фаврӣ ҳал мекунад,ки дар ин бобат истеъдоди фавқулодда дорад.
Ҳамчунон,ки дар ибтидои мақола гуфтам,кашфи як дил баробари кашфи як сайёра ё Каҳкашон аст ва барои ман дар Эрон дар қатори дигар дастовардҳои фаровон ошноӣ бо Рамазон Мирзоев буд,ки Сафоратро ба хонаи адлу дод,порае аз Тоҷикистон ва даргоҳи умеди тоҷикони муқими ин кишвар табдил додааст.
Ман мушоҳида менамудам,ки чӣ тавр Сафир бо забони ширину ҳазлҳои намакин бо донишҷўён сўҳбат менамуду аз шароити таҳсилу зиндагии онҳо мепурсид ва ташвиқашон мекард ҳатман пас аз хатми таҳсил барои кишварамон хидмат намоянд.Ёдам намеравад,ки солҳое Рамазон Мирзоев дар Маскав сафир буд,яке аз нашрияҳо хотираи як зани тоҷикро дар бораи ёрии беғаразонаи Сафир навишта буд.Дар мақола зан бо эҳсоси сипос навишта буд,ки ман ҳамсари яке аз мухолифон будам.Зарурате пеш омад,ки бояд ба Ватан бармегаштам.Бинои сафоратро пайдо намуда,ба қабули Рамазон Мирзоев омадам.Ҳазор биму андеша доштам,ки шояд сафир бо шунидани ин ки ман ҳамсари яке аз мухолифинам,маро хуш қабул накунад ва «мебинем»,гўяду аз дар берунам кунад.Вале ғайричашмдошт, аз забони сафир ин ҳарфҳои меҳрбор берун омаданд:хоҳари азиз,мо ҳама фарзанди Тоҷикистонем,худию бегона барои мо вуҷуд надорад,сафорат хонаи ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аст,мушкили ту мушкили ман аст,агар ту хурсанд бошӣ,ҳамаи мо хурсандем…Баъд,сафири баландҳиммат пули билети ману бачаамро дод,ки ба Тоҷикистон баргаштем.Ман то зиндаам ин некии Сафирро фаромўш нахоҳам кард ва дар ҳаққаш дуо мекунам.
Ин гуна саҳифаҳои меҳрбор дар зиндагии Сафир кам нестанд.Вай бо ҳама масъулияту гирифториҳо барои аёдати беморон,дидор бо гурўҳҳои гуногуне,ки аз Тоҷикистон ба Эрон меоянд,вақт пайдо мекунад. Хонаводаи тифоқу адабпарвари Сафир -ҳамсараш апаи Ҳоҷӣ Сарварбӣ,ки як зани бофарҳангу китобхон ,фарзандонаш -Комилҷону Нодирҷону Одилҷону Салтанату Гулнозу Акрамҷон ҳама соҳиби маълумоти олӣ,таҳсилкарда ва боадабу бофарҳанганд,ки ин худ як неъмати бузург барои ҳар падар маҳсуб мешавад,ки роҳи падарро идома медиҳанд ва ҳар як дар риштаи худ шоистаю сазовори эҳтироманд.Дасти марҳаматаш ба мўҳтоҷон,донишҷўёни эҳтиёҷманди тоҷики муқими Эрон,бенавоёни зодгоҳаш… ҳамеша мерасад.Чунин чеҳраҳои сиёсию дипломатӣ дар ҳақиқат барои миллати мо боиси ифтихор аст ва онҳо сармояҳои миллати мо ҳисоб мешаванд.Ман мутмаинам кишвари мо дар сурати баҳрабардорӣ аз донишу таҷрибаи чунин шахсиятҳои кордону боистеъдод ба қуллаҳои нави пешрафту шукуфоӣ хоҳад расид.Дар поён орзу мекунам Худои раҳим теъдоди чунин афроди дилсўзи меҳану миллатро зиёд кунад,ки дар ҳама ҳолат аз манфиатҳои Тоҷикистон бо тану ҷон ҳимоят мекунанд.