Ваҳдат офият, қасидаи маҳбубият ва садоқат аст!
Агар Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми саодатманди тоҷик қувваю мадори тозаву нави ҳадафмандӣ дода бошад, Ваҳдати миллӣ парвозгоҳеро ба вуҷуд овард, ки ҳар як узви ҷомеаи муосирамон ба сўи орзуву ормонҳояш, нақшаву ниятҳояш имкони дастрасӣ, ноилшавӣ ва муваффақ гардиданашро пайдо карда тавонист. Дар ин парвозгоҳ ҳар кас аз рўи қудрат, имконияти зеҳнӣ ва қобилияти ақлонии худ азму субот нишон медиҳад.
Ҳаёт дар рукни рўзгори мардум ба таври объективӣ шахсиятҳоеро тарбия карда, ба камол мерасонад, ки минбаъд тақдир ва қисмати дигарон аз ў вобаста буда, мардум худ иқрор мешаванд, ки ҳама умр бо вай бимонанд, ҷомеа ояндаашро ба ҳамин фард боварибахш супорад. Инро таърихи навини миллати тоҷик дар солҳои 90-уми қарни гузашта исбот кардааст. Фарзанди асили миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин айёми пуртаззод ҳамчун чароғи ҳидоят тақдири кишвар ва мардумонашро муҷалло гардониданд.
Миллати тоҷик аз азал майл ба саодатмандӣ дошту дорад. Дар ҳама марҳалаи давлатдорӣ миллати куҳанбунёди тоҷик худшиносу худогоҳ буд, худсозиву худафрўзӣ, мардонагиву шуҷоатмандӣ ҳадафи асосиаш шинохта шуда буд. Баробари ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар сарзамини тоҷикон – Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи ҷадид – даврони созандаи таърих омад ва миллати тоҷик таърихи арзишҳои олии мафкуравии худро бо дасти худ ба иншо намудан оғоз кард. Расидан ба қуллаҳои мақсуд шиори кору ормонҳояш гардид. Дар ҳамин майдони мардонагиву шуҷоат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақсади олии тамоми мардуми кишвар – имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро таъмин намуданд ва ин ҳадаф бо хеле заҳмату талошҳо амалӣ гардонида шуд. Бо ҳамин Ҷаноби Олӣ, Сарвари давлат бинои Ваҳдати миллиро бо нерўмандии томи худ ҳамчун меъмори соҳибмаърифат бунёд сохтанд. Имрўз дар назди мардуми баору пурғайрати тоҷик вазифаи муқаддас – пойдору гиромидошти ҳамин падидаи ба худи миллати мо хос – Ваҳдати миллӣ меистад.
Мегўянд, ки нуру сафои одамият, ҳамият, дилогоҳӣ ва шоистагиро Парвардигори ҳарду олам дар китоби тақдири ҳар кас бо ихлоси том навиштааст. Ба бахти миллати тоҷик Пешвои миллати моро ҳамин ҳидоят дар ақлу шуур, дилу тафаккур, вуҷуду чеҳраашон саршор гардонидааст. Ва ҳақиқати воқеии ҳаёти равон шаҳодат бар он медиҳад, ки дар ҷанбаи роҳбарии ин шахсияти эътирофшуда, барои ҳар узви ҷомеа – чӣ хурду чӣ бузургсол, чӣ хосу чӣ ом дар паҳлўяшон муттаҳид будан, бо роҳи нишондодаашон рафтан, дастурҳояшонро бо ҷону дил, бо нерўи созандаву ифтихормандӣ ба иҷро расониданро маҳаки асосии фаъолияти мустақилонаи худ меҳисобанд.
Дар сафи чунин фардони садоқатманд ба кору бори ҷомеаи муосир марди худогоҳу ҷўяндаи тадбирҳои густурдаи навин Абдураҳмон Қодирӣ пайваста қадамҳои қатъӣ дошта, азму ғайрати хоса нишон медиҳад.
Дар ҳамин парвозгоҳи тоҷикон – Ваҳдати миллӣ баробари дигар сиёсатмадорони кишвар, дигар роҳбарони даврони муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон марди худшиносу миллатшинос Абдураҳмон Қодирӣ бо нерўи зеҳнӣ ва қудрату қобилияти ақлонӣ, бо нақшаву ҳадафҳои навҷўии худ вуруд шуда, давоми беш аз чаҳор сол то ба имрўз дар маснади Раиси вилоят мавқеъ, мақом, нақш ва осори тафаккур, амал, кору пайкори хешро гузошта, ба шарофату шарафи таҳкими Ваҳдати миллӣ дар қаламрави вилоят ва ба ҳайси муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақоми ҷумҳурӣ низ азму субот мебарад.
Мегўянд, ки ҳосили заҳмат, андеша ва амал, нияту накўкорӣ шаҳодати кори амалӣ буда, некмаромиро дар оинаи ҳаёт, дар оинаи қалбҳои мардум муҷалло месозад. Худованд ба марди заҳматписанд, ба дилҳо маҳбуб ва суханшиносу суханфаҳм Абдураҳмон Қодирӣ айнан ҳамин бузургвориро насиб гардонидааст. Ва мардум ин фарди худшиносу навҷўй, дилшиносу накўниҳодро дар рўзҳои нахустини фаъолияташ дар вазифаҳои гуногуни пурмасъулият ҳанўз аз охирҳои солҳои 70 ва аввали солҳои 80-ум ва нимаи аввали солҳои 90-уми асри гузашта дар ноҳияи Хуҷанд (ҳоло Бобоҷон Fафуров) дар раванди кишоварзӣ, Ҳукумати вилояти Суғд дар вазифаи ҷонишини Раиси вилоят, ноҳияи Зафаробод – ба ҳайси Раиси ноҳия, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон дар мансаби муовини якуми Раиси вилоят хуб шинохта, ба ў дар самти корбариаш салламно гуфтаву ўро ҳамчун мутахассиси дорои андешаҳои ислоҳотидошта донистаанд.
Дар ҳар вазифа ў худро ҳамчун кадри замони муосир зуҳур карда тавонист. Моҳи ноябри соли 2013 дар айёме, ки ў бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи иҷрокунандаи Раиси вилояти Суғд таъйин гардид, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ў бовар карданд, ки дар замони пурпечутоби ҷаҳони муосир кори пурмасъулиятро пеш бурда метавонад, дарҳои дили мардум фарох ва фараҳовартар боз шуданд.
То ба вазифаи Раиси вилоят таъйин шудан Абдураҳмон Қодирӣ вуҷудан сиёсатмадор, донандаи паҳлўҳои хизмати давлатӣ буд. Ҳарчанд ў соҳиби тахассуси иқтисоддон ҳаст, дар кўраи ҳадафҳову сиёсати дурандешона, оқилона ва хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пухта, обутоб ёфта, доираи малакаву маҳорати роҳбариаш, корбариаш, бо нақшаҳои амалиаш мардумро ба иҷрои вазифаҳои комил раҳнамун сохтанаш, қобилияти сабуриаш фарох ва устувор гардида буданд. Дар ин бобат Шамси Табрезӣ гуфта:
Ҳокимӣ, ҳар чӣ ту номам биниҳӣ, хушнудам,
Хоки пои ту, ки ҷон бо ту шакур асту сабир.
Мутахассисон ва роҳбарони сатҳи гуногун ва худи мардуми оддии қаламрави вилоят, дар маҷмўъ ва дар алоҳидагӣ Абдураҳмон Қодирӣ – Раиси вилоятро ҳамчун дорандаи андешаҳои ислоҳотии дараҷаи боло ном мебаранд. Ҳаққо, ки чунин будаву чунин ҳаст.
Абдураҳмон Қодирӣ фарзанди солеҳи марди деҳқон аст. Ў дар хонадони оддии инсонҳои деҳотӣ ба камол расидааст. Ҳаёти деҳоту кишоварзиро хуб медонад. Биноан, гуфтаанд, ки аз меҳнати худ, касбу кори худ, маърифату ҳиммати худ нон хўрдан барои ҳар як инсон шарафмандӣ аст. Аз ин паҳлў ба ҳадафҳои амалишудаи ин марди кордон, мутахассиси пурдон, фарҳангсолор ва маънавиятсоз рў меоварем, ки ҳамаи онҳо дар асоси дастуру супоришҳои бунёдии Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар таҳкимбахшии Ваҳдати миллӣ арзи вуҷуд намудаанд.
Муҳаббат ва дилҷўӣ
Дар урфият мегўянд: нек кардан аз пур кардан, яъне зиёд, бисёр амал кардан аст. Дар дигар ҳолат басо рамзӣ ифода менамоянд – гули аввал нишони баҳори хуррам аст. Аз ин лиҳоз, вақте 9 декабри соли 2013 қарори иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят таҳти №288 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзии вилояти Суғд» ба тавсиб расид, Абдураҳмон Қодирӣ ба фаъолияти худ ҳамагӣ дувоздаҳ рўз муқаддам оғоз бахшида, дар машварате аз 27-уми ноябри ҳамон сол ҷаласаи нахустини кориро бо иштироки муовинони Раиси вилоят, мудирони шўъбаҳо, бахшҳои Дастгоҳи Раиси вилоят ва дигар сохторҳо гузаронида, вазифаҳои наздиктаринро баррасӣ карда буд. Акнун барои гузаронидани ислоҳоти навбатии соҳаи кишоварзӣ амалан хеле корҳо роҳандозӣ бояд мешуд. Дар баробари ин ташаббуси навбатӣ иқдоми дигари Раиси вилоят дар бобати минбаъд вусъат бахшидани таъмиру навсозии роҳҳои аҳамияти байналхалқӣ, дохилӣ ва маҳаллӣ дошта, дар вилоят «Соли 2014 – Соли роҳҳои обод» эълон карда шуд. Ин пешниҳоди Раиси вилоят аз ҳамон лаҳза ҷонибдории занҷирӣ пайдо намуд. Дар вилоят тамоми захираву имкониятҳо баҳри амалӣ гардонидани Барномаи тарҳрезишуда ташкил ва сафарбар карда шуданд.
Рўз аз рўз аз ҷониби Раиси вилоят иқдомҳо ва нақшаву чорабиниҳо дар асоси ҳадафҳо баҳри ҳалли мушкилоти ҷойдошта андешида мешуданд. Ҳангоми мулоқот Абдураҳмон Қодирӣ бо фаъолони ноҳияҳои Fончӣ ва Зафаробод таъкид дошт, ки ҳосилнокии заминҳо на аз ҳисоби афзун намудани масоҳати замини кишт, балки аз ҳисоби истифодаи пурсамари ҳар қитъаи замин, яъне маданияти заминдорӣ баланд бардошта шавад. Ҳамин тавр, аз рўзҳои аввали фаъолияти худ Раиси вилоят бобати баланд бардоштани ҳосилнокии пахта ва гандум аз ҳисоби тухмиҳои сараву босифат таваҷҷўҳ зоҳир намуд, ки дар солҳои минбаъда ташаббус самараи хуби худро нишон дод. Хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ таҷдид гардида, ба майдони фаъолият хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ, оилавӣ, иҷоравӣ ворид шуда, заминҳои обӣ пурсамар мавриди истифода қарор гирифтанд, замин соҳиби худро пайдо намуд. Дар натиҷа дар миқёси вилоят зиёда аз 65 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ ташкил гардида, фаъолияти пурсамари кишоварзӣ бо дарбаргирии ҷойҳои кори доимӣ ба роҳ монда шуд. Ин раванд ба коҳишёбии муҳоҷирати меҳнатии вилоят боис гардид.
Чуноне дар боло ишора рафт, паҳлўи дигари фаъолияти Раиси вилоят ба ободии роҳ пайваст аст, ки аз нигоҳи Абдураҳмон Қодирӣ роҳ ин зиндагӣ буда, бо равшанӣ мазмун ва моҳияти пайвандӣ дорад. Аз ин лиҳоз, аз 10 январи соли 2014, таҳти №15 қарори Раиси вилоят доир ба эълом доштани «Соли 2014 – Соли роҳҳои обод» мавриди амал пазируфта шуд. Дар ин бобат Барномаи ҳадафманд мураттаб карда, бо мақсади таъмири роҳҳо 103,2 миллион сомонӣ маблағ равона гардид ва беш аз 2350 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ, байниноҳиявӣ ва байниминтақавӣ мумфарш, шағалпўш, яъне тармиму таъмир карда, роҳҳои нав кушода шуданд. Бо иқдоми Раиси вилоят як муаммои шадид кушодани роҳи Зафаробод – Истаравшан ба воситаи деҳаи Уяс, ин роҳи автомобилгард ҳал шуд ва ба вуқўъ пайваст, ки роҳи мардум 70 километр кўтоҳ ва осон шуд. Ин ҳам аз неъматҳои Ваҳдати миллӣ буда, нишон аз тафаккур ва маърифати ислоҳотии Абдураҳмон Қодирӣ бозгўй аст.
Пешниҳод ва иқдоми созандагии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ Барномаи «Соли роҳҳои обод» дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати эҳёи «Роҳи бузурги Абрешим» мавриди амал қарор гирифт ва чакрае чашмаву дарё шуд. Дар маҷмўъ, 238,8 километр роҳҳо мумфаршу 1000 километр роҳ шағалпўш гардонида шуданд. Дар ин самт имрўз низ корҳои амалӣ пеш мераванд, шаҳру ноҳияҳои вилоят роҳҳои ҳудуди худ барои ободу созгор намудан тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ менамоянд.
Имрўзҳо ободонии роҳҳо марҳала ба марҳала дар қаламрави вилоят бо роҳандозии тадбирҳои тоза ба тоза идома дорад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидояти Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, ки ниёгони тоҷик дарозои қарнҳо бо он шуғл варзида, аз худ нақше гузоштаанд, чораву тадбирҳо андешид. Бо дастури Сарвари давлат махсус ба қолинбофии дастӣ таваҷҷўҳ зоҳир карда шуд. Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бобати амалӣ намудани ин супориши Ҷаноби Олӣ тадбире андешид: бобати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти қолинбофии дастӣ бо вилояти Форси Ҷумҳурии Исломии Эрон Созишнома байни палатаҳои савдо ва саноати вилоятҳои Суғд ва Форс ҷиҳати ташкили бахшҳои омўзишӣ оид ба қолинбофии дастии эронӣ ба роҳ монда шуд. Дар паҳлўи ин ташаббус эҳёи сўзанидўзии бухороӣ низ ба арсаи фаъолият омад. Ҳадафҳои мазкур барои ҳарчӣ бештар бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин намудани занони хонашин, омўзонидани духтарон ба ин ҳунарҳои қадимаи ниёгон мусоидат намуд. Яъне, бо ҳидояти Пешвои миллат дар вилоят нақша, вазифа ва имконият фароҳам омад, ки эҳёи ҳунарҳои қадимаи мардумӣ дар меҳвари фаъолияти раисони шаҳру ноҳияҳо қарор бигирад. Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бобати дарёфт ва пайдошавии ҷойҳои кор дар назди шахсони масъул вазифа гузошт, ки соли 2014 дар вилоят 160 корхонаву коргоҳҳои хурду миёна, сехҳои алоҳида мавриди истифода қарор дода шаванд. Беш аз 5 ҳазор ҷойи корӣ таъсис ёбанд.
Самти дигари фаъолияти густурдаи Абдураҳмон Қодирӣ ба навсозиҳо, ободонӣ ва илоҷи пешравии корро аз худи кор ҷустан нигаронида шуд. Ба ин ҳадаф иқдоми мазкур шаҳодат медиҳад: 24-уми январи соли 2014 Раиси вилоят дар Кохи Рўдакӣ бо намояндагони аҳли фарҳанги вилоят мулоқот намуд ва изҳор дошт, ки вазъи кунунии Боғи истироҳатии Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд ташвишовар аст, он пурра ба навсозӣ фаро гирифта мешавад.
Ба ҳама маълум аст, ки пас аз як сол иқдоми Раиси вилоят самараи неки худро ба рўй овард. Қалъаи Хуҷанд эҳё карда шуд ва Боғи Камоли Хуҷандӣ чеҳраоро гардид ва имрўз чеҳраафрўзӣ дорад.
Субҳи 2 апрели соли 2014 сафари кори Президенти мамлакат, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ба вуқўъ пайваст. Дар шаҳри Хуҷанд – дар хиёбони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи баландиаш 55 метр парафшон карда шуд. Бунёди ин парчампоя ва ободонии атрофи он бо харҷи 3,5 миллион сомонӣ анҷом дода шудааст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои орому фараҳбахши Ваҳдати миллӣ бо бузургии ҳафт бар дувоздаҳ метр дар шафати соҳили Сир парафшон аст ва аз пойдории Тоҷикистони соҳибихтиёру ваҳдатобод муҷдаи саодатмандӣ медиҳад.
Раиси вилоят фаъолияти роҳбарӣ ва иҷрои саривақтии вазифавии худро пайваста бо роҳандозии ҳадафҳои нав ба нав пеш бурда, баҳри гузоштани нақши муассир бар манфиати ҷомеа азму талош меварзид. Вобаста ба ин дар саҳифаҳои китоби таърихи кишвар марҳалаҳои нави созандагиву бунёдкориҳои азим навишта мешуданд. Бо супориши Сарвари давлат марҳалаи ободонии дашти Сомғори ноҳияи Бобоҷон Fафуров ибтидо гирифт. Бо ин мақсад Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар як сафари кории худ, ки 6 июни соли 2014 муваффақ афтод, дар мавзеи Сомғор изҳор намуд, ки дар инҷо шаҳраки нав бунёд карда мешавад, ки маблағи лоиҳавии он 60 миллион сомониро ташкил медиҳад. Мувофиқи лоиҳа 3900 гектар замини дашт азхуд карда, шаҳраки замонавӣ бо тамоми инфрасохтораш бунёд мешавад. Ин тадбир бар ҳадафи он аст, ки оянда 20 ҳазор нафар сокинон бо кори доимӣ таъмин гарданд.
Дар ин сол баҳри рушди ҳунару ҳунармандӣ озмунҳо ва иду мусобиқаҳои хоси фарҳанги миллӣ ташкил ва гузаронида шуданд: иди «Атлас ва адраси Хуҷанд-2014», «Меҳнати хонагиро эҳё менамоем», «Хомаи созанда», «Фестивали гулҳо», «Оши палав», озмуни вилоятии «Тарроҳи беҳтарини либосҳои миллӣ», «Сайри харбуза», «Иди асал» ва ғайра аз ҷумлаи онҳост.
Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ шахсияти фарҳангсолор, дар давоми сол як қатор тадбирҳои маданӣ – тамаддуниро ба бунёд гузошт. Мисоли равшани он ифтитоҳи муҷассамаи ҳофизи мумтоз, ҳунарманди асили тоҷик, ромишгари беқиёс Содирхон Ҳофиз дар пешорўи Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд маҳсуб меёбад, ки солҳои тўлонӣ ошиқони санъати мусиқаи классикӣ дар орзуяш буданд. Ё худ, 3-юми ноябри соли 2014 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши байналхалқии «Ҷойгоҳи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар муколамаи фарҳангҳо» барпо гардид. Дар он Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ иштирок ва баромад карда, ин ҳамоиши бонуфузро аз падидаҳои неки сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат унвон намуд.
Падидаи аз ҳама пурнусрат ва пурнишот он буд, ки Раиси вилоят дар маросими бузургдошти Камоли Хуҷандӣ бо номи «Камол – кимиёи Табрезу Хуҷанд» 16 ноябри соли 2014 дар фарҳангсарои андешаи шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок кард ва мулоқотҳои судманд ба анҷом расонид. Ҳамчунин, Абдураҳмон Қодирӣ баъди ду рўз ба Оромгоҳи Камоли Хуҷандӣ дар Табрез ташриф овард ва дар маросими турбатбардорӣ аз мақбараи ин шоири шаҳиру ғазалсарои беҳамто иштирок намуд. Ҳамчун сиёсатмадор, фарҳангсолор ва дўстпарвар дар сўҳбатҳо бо эрониён таъкид дошт, ки Табрезу Хуҷанд дар тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон ояндадор, дурахшандатар боқӣ мемонанд.
Ваҳдат дар дилушодмонӣ дар чеҳра
Шарофату рисолати Ваҳдати миллӣ буд, ки бо азму ғайрат ва талошу ҳамияти Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ Қалъаи Хуҷанд эҳё гардид, Боғи Камоли Хуҷандӣ бо ҳамаи маҷмаа ва инфрасохтораш, гулу гулзораш, хонаву боғу мақбараи шоири шаҳир, ғазалсарои мумтоз Камоли Хуҷандӣ, ҷўйбору шаршараи резиши оби мусаффои дарёи Сир ҳамчун маъвои истироҳату фароғат мардумро ба оғўшаш кашид ва сайри Наврўзро Боғи Камол ба худ пазируфт.
21 марти соли 2015 Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои ҷумҳуриявии ҷашни байналмилалии Наврўзи оламафрўз ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Дар ҳудуди Боғи навсозишудаи Камоли Хуҷандӣ Пешвои миллат ва намояндагони аҳли адаби тоҷик иштирок карда, аз болои пайкараи навбунёди шоири машҳури тоҷик Камоли Хуҷандӣ парда бардоштанд.
Дар оромгоҳи рамзии Камоли Хуҷандӣ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мушти хоке рехта шуд, ки аз марқади воқеии ин шоири пурфутўҳу тавоно аз шаҳри Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон оварда шуда буд. Бо ҳамин Маҷмааи таърихӣ ва фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» ба фаъолият сар кард, ки маркази фарҳанг, адабиёт ва ҳунару сухани тоҷик муаррифӣ мешавад.
Чунонки дар боло ишора шуд, корҳои ободонӣ дар замини мавзеи Сомғор идомаи мантиқии худро пайдо намуд.
Дар ҳамон рўзҳои ҷашни Наврўз Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дашти Сомғор ва минтақаи Мирзоработи ноҳияи Бобоҷон Fафуров ба сохтмону бунёди як шаҳраки нави замонавӣ, ояндадор ва ободу фараҳбор асос гузоштанд ва бо пешниҳоди Ҷаноби Олӣ ин шаҳрак Сайҳун номгузорӣ шуд.
Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар давоми сол борҳо ба шаҳраки сохташавандаи Сайҳун сафари корӣ ба амал оварда, дар ҳар мавриди инҷо буда дастуру супоришҳо дода, барои шаклу тарҳ пайдо кардани шаҳрак ва дигар инфрасохтори он мусоидат намуд. Дар ин самт оғоз аз 1 майи соли 2015 ба сохтмони якчанд бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар шаҳраки Сайҳун санги асос гузошт. Шаҳрак бузург хоҳад шуд.
Дар асоси лоиҳа дар Сайҳун 19 микроноҳия, 17 муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ, 13 кўдакистон, 140 маркази савдою хизматрасонӣ, 40 майдонча ва толорҳои варзишӣ, терминали нақлиёти мусофиркашон ва бозору зербиноҳои дигари муҳим бунёд хоҳанд шуд. Имрўз шаҳрсозӣ бо вусъати том пеш меравад, камбудиҳо саривақт бартараф карда мешаванд.
Бо супориши Абдураҳмон Қодирӣ - ин фарди созандаву накўниҳод, боғи интенсивии мевагӣ – зардолуву шафтолу ва сиёҳолу, токпарвариву зироаткорӣ, аз ҷумлаи тарбузу харбуза, кадуву лўбиё ва ғайра ташкил ва бунёд гардид. Домони боғ аз ҳисоби азхудкунии замини таҳдашт фарохтару марҳала ба марҳала васеъ мегардад. Оби ҷонбахши дарёи Сир ба Сайҳун расидааст. Оби тозаи нўшокӣ аз кўҳдомани Ҳазорчашма ва Қароҷингил то ба инҷо ҷорист.
Дар ҳаёти мардуми вилоят боз як санаи муҳим ворид шуд – аз 29 майи соли 2015 дар мавзеи дашти Сомғор давоми сол ва солҳои минбаъда марҳала ба марҳала ба тақсими қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба шахсони эҳтиёҷманди шаҳру навоҳии вилоят иқдом гирифта шуд.
Метавон гуфт, ки аз ҳамон марҳала аз 900 нафар шаҳрванд то ба имрўз барои беш аз ҳафт ҳазор нафар эҳтиёҷмандон аз шаҳрҳои Хуҷанд, Бўстон, Гулистон, Истиқлол, ноҳияҳои Бобоҷон Fафуров, Мастчоҳ, Деваштич, Кўҳистони Мастчоҳ аз мавзеи Сайҳун қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ барои ободу осудагии рўзгорашон тақсим карда шуд.
Воқеан, бо пешниҳоди Раиси вилоят соли 2015 - идомаи Соли роҳҳои обод ва эҳёву таҳкимбахшии ҳунарҳои мардумӣ ҷараён гирифт. Дар ин давр нақшаи барномавӣ дар ин самт 130 фоиз иҷро гардида, фазо ва ҳолати қатор-қатор роҳҳои таъйиноти гуногун назарбин шуданд. Ба ин раванд иқдоми дигари Раиси вилоят бобати эълон доштани «500 рўзи меҳнати зарбдор бахшида ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусоидат намуд ва роҳкушоиву ободонии роҳҳо пеш рафтанд.
«Соли оила», ки аз ҷониби Пешвои миллат дар соли 2015 пешниҳод гардид, тамоми қаламрави вилояти Суғдро низ фаро гирифт. Ҳадафи озмуни вилоятии «Хомаи созанда» дар ин сол ба ҳамин «Соли оила» марбут гардид.
Пайваста тадбирҳо бобати – «Ваҳдати миллӣ – роҳнамои суруру ободкориҳост» ва «Эҳёи ҳунарҳои миллӣ амри таърихист» амалӣ карда мешуданд. Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҳамеша дар саргаҳи амалишавии нақшаву чорабиниҳо дар паҳлўи дастуру супоришҳои Пешвои миллат қарор дошта, худ шоҳиди вазъият аст. Ба ин шахси фидокор одат шудааст, ки ҳамеша аз натиҷаҳои ниҳоии иқдомҳояш огаҳӣ дошта бошад, масъаларо дар ҷояш ва бо худи масъулини ин ва ё он соҳа ҳал намояд, одамонро гўш кунад, то онҳо чӣ фикру андешаҳо доранд.
Фарҳанг рукни ҳамдилист!
Дар ҳошияи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ» Абдураҳмон Қодирӣ 7 декабри соли 2015 ба 21 нафар занони ҳунарманд грантҳои Президенти мамлакат ва ба 30 нафар бонувону духтарони дилдодаи касб грантҳои Раиси вилоятро тақдим намуд. Ин аст, ки ҳоло дар вилоят истеҳсоли 12 намуд матои миллӣ аз он ҷумла, атласу адрас, карбосу беқасаб, алоча ва шоҳӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳама ба хубӣ огаҳӣ доранд, ки дар баробари идомаи Соли роҳҳои обод, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ – соли 2015 ҳамчун Соли рушди фарҳанг ва гулҳо дар таъриху рўзгори вилояти Суғд сабт гардидааст. Дар хусуси рушди фарҳанг бо иқдоми Раиси вилоят хеле корҳо ба сомон расонида шуданд. Албатта, бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат қасрҳои нави фарҳанг дар ноҳияҳои Ашт, Ҷаббор Расулов ва Айнӣ сохта шуданд, ба фаъолият оғоз карданд. Барои бунёди онҳо ва дигар паҳлўҳои фарҳангӣ, аз ҷумла, Мактаби рақсии Зебо, эҳёи китобхонаҳои оммавӣ, ташкили намоиши филмҳо, аз ҷумла, Муассисаи «Суғд – синамо» ҷаҳду кўшишҳои Раиси вилоят арзанда ҳисобида мешавад. Дар ин сол саросари вилоят – шаҳру ноҳияҳо гулпўшу гулоғўш гардида, зиндагиро ранги тозаву тар, сабзиши дигар бахшиданд.
Мегўянд, ки ҳар тадбири нав фараҳбахш аст. Ҳар иқдом таҳкурсие барои амалӣ шудани иқдоми нав буда, ҳамчун ҳалқа бар ҳалқаанд. Ба ин маънӣ Раиси вилоят дар оғози соли 2016 боз бо таъбири нав фаъолияти амалии худро сарчашма ниҳод: «Соли фарди солим» ва «Соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод» эълон намуд. Маълум буд, ки бар ин ҳадаф мардуми ободкору ҷўяндаи орзуву ормонҳо дар ин сол қадамҳои устувору қатъӣ ниҳанд, ба ҳосили заҳматҳояшон комёб бошанд. Вобаста ба ин Раиси вилоят 29 январи соли 2016 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо кормандони соҳаи тандурустии вилоят мулоқот орост ва изҳор дошт, ки ҳадафи «Соли фарди солим» ин таҳкими ҷомеаи солим аст. Дар ҷараёни ин ҳадаф муассисаҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳо ҳам аз ҷиҳати техникӣ ва ҳам аз ҷиҳати ободӣ таҳким диданд, духтурону дигар кормандони соҳа худро аз ҷиҳати маънавӣ бурдбор эҳсос намуданд. Иқдоми мазкур вилоятро, агар ба он чун организми зинда назар намоем, солим, нерўманд ва реша дар об гардонид. Дар ин самт озмуни «Муассисаи тиббӣ, табиб ва ҳамшираи шафқати беҳтарин» эълон шуд ва ғолибон бо Диплом ва мукофоти пулӣ сарфароз гардиданд.
Дар ҳошияи «Соли фарди солим» дар шафати шаҳраки Сайҳун боғи сиёҳолу гулафшон шуд, ки ба таври қатравӣ об расонида мешавад.
Раиси вилоят мегўяд, ки даштро обод кардан ин кори савоб аст. Ин аз он маншаъ гирифт, ки Фармони Президенти мамлакат аз 27 августи соли 2009, таҳти № 683 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2014» дар миқёси вилояти Суғд соҳаи боғу токпарварӣ рушд ёфт. Танҳо дар соли 2013 дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят ба таври умумӣ 3386,7 гектар боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки дар қиёс бо нақшаи дурнамои барномаи соҳа 88,7 гектар зиёд ва нақша 102,7 фоиз иҷро гардидааст.
Басо рамзист, ки дар «Соли фарди солим» сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд ба амал омад ва Сарвари давлат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои идонаи «Корвони Наврўзӣ» ва «Сайри гули лола» дар майдони «Авесто»-и шаҳри Хуҷанд иштирок ва суханронӣ намуданд. Ин боиси фараҳмандии кулли мардуми соҳибиродаи вилояти Суғд буд.
Мегўянд: дўст бо дўст ифтихорманд аст, ўро бо дили гарм бар оғўш мегирад, ки ин ба гуфтаи устод Мирзо Турсунзода «расми хуби тоҷикон» аст. Воқеаи фараҳбахш бо ташаббуси Раиси вилоят шарарбор шуд: рўзҳои 27-30 апрели соли 2016 Рўзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон доир гардид, ки дар ин ҳамоиши худогоҳии миллӣ аз Суғди бостон 260 нафар аз аҳли фарҳанг, санъат, илму адаб ширкат намуданд. Иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар ин чорабинии мўҳташам аз ҷонибдории ў ба фарҳангу адабиёт ҳикоят мекунад.
Фарҳанг ба қавле дастархони маънавии ҷомеа аст. Дар фазои ин иқдомҳои фарҳангдўстӣ ва таҳкими маънавиёт дар миёни мардум дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар таърихи 28 октябри соли 2016 Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар Конференсияи бошукўҳ ва сернуфузи «Камоли Хуҷандӣ: ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ» дар толори Қасри Арбоб иштирок ва суханронӣ намуд. Ҳар чорабиниву тадбирҳои фарҳангӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ дар миёни ҷомеа нақши бориз гузошта, талаб бар он менамояд, ки тухми меҳру муҳаббат ва садоқат дар мазраи Ватану дили миллат кошта, сарсабзу баҳороғўш бошад. Аслан фарҳанг чароғи тамаддун аст, ки имрўз дар паҳлўи ҳидоятҳои Пешвои миллат пайваста Раиси вилоят баҳри рушди он кору пайкори доманадор дорад.
Гумон мекунем, ки озмуни махсуси «Адрасбофи беҳтарин» аз ҳамин реша самар овардааст. Ҳамзамон, дар ҳамин сол муҷдаи фарҳангсолорӣ боз пару бол бикшод. Гувоҳи ин бунёдкориҳову созандагиҳоро сарварӣ кардан ва ба рабту низоми сохтмонҳо назорат намудани Раиси вилоят аст: дар таърихи 14 сентябри соли 2016 Маҷмаи таърихию фарҳангии «Истиқлол» дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид. Кохи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд ва Кохи фарҳанги «Суғдиён» боиси ифтихору шарафмандии мардуми вилоят аст, ки бо ҳузури Сарвари давлат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Ҳақиқати рўзгор ин аст, ки ҳаёт дар як ҷой намеистад, пеш меравад, гулбасар мешавад. Биноан, дар рўзи 4 октябри соли 2016 Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз Маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол» боздиди корӣ ба амал овард ва ба роҳбарони бахшҳои сохтмону меъморӣ ва дигар шахсони масъул дастур дод, ки акнун зарур аст, гирду атрофи ин Маҷмаа – нишон аз Истиқлолият ва Ваҳдати комили тоҷикон бо ободонии бунёдӣ ва афзунтарине фаро гирифта шавад. Имрўз ин мавзеъ ҷойи истироҳату фароғати тамоми мардум ва меҳмонони вилоят маҳбуб шудааст.
Пирони рўзгордида мегўянд: ҳосили заҳмат бас нишоте дорад, ки беқиёс. Шаҳодати хуби ин гуфторро мо дар миқёси ҷумҳурӣ ҷойи аввалро гирифтани Боғи Камоли Хуҷандӣ мебинем, зеро баҳри ободонӣ ва гулзоркунии ин мавзеи таърихӣ эътибори шахсии Раиси вилоят равшан эҳсос мегардад. Ин аст, ки субҳи 29 сентябр бо иштироки Абдураҳмон Қодирӣ дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» семинари махсуси роҳбарияти шаҳру навоҳӣ дар бобати кабудизоркунӣ ва ободонии хиёбонҳо гузаронида шуд.
Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар вуҷуди худ исбот менамояд, ки дар ҳама кору пайкор низому тартибот хеле зарур аст. Ў бо ҳамин ният кор мекунад, супориш медиҳад ва иҷрояшро талаб менамояд.
Ин мутахассиси варзида ва роҳбари муваффақ кулли соҳоти хоҷагии халқ – кишоварзӣ, маданияти заминдорӣ, боғкориву токпарварӣ, ҷумла, тамоми паҳлўҳои кишоварзиро медонад, маълумоти илмӣ дорад. Дигар ин, ки ба раванди донишпазирии насли наврас эътибор ва диққати махсус медиҳад. Иқдоми навбатӣ доир ба хонандае, ки дар олимпиадаи байналмилалӣ ғолиб мешавад, бо устодонаш 55 ҳазор сомонӣ мукофот мегирад, аз маънавияти фарохи ў шаҳодат медиҳад.
Дар партави ташаббусҳо
Боз қадаме пеш гузошта шуд – дар партави ташаббуси ҷаҳонии Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, 2018-2028» тадбири дигари навсозии Раиси вилоят рўи кор омад. «Соли 2017 – Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нўшокӣ» эълон гардид. Ин ҳадаф дар таърихи 17-уми январи соли равон дар нишасти матбуотии Раиси вилоят дар ҳузури журналистон ифода гардид ва имрўз дар ин бобат Барномаи вилоятӣ татбиқ гардида истодааст. Ҳамин амали нек дар меҳвари тадбири ҷадид – «120 рўзи ободониву кабудизоркунӣ дар вилоят ба истиқболи 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ» қарор гирифтааст.
Абдураҳмон Қодирӣ аз рўзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Раиси вилоят ба масоили оилаи солим, ки асоси ҷомеаи солим аст, фарҳанги оиладорӣ, омода намудани духтарон ба оилаву оиладорӣ, одоби рўзгордорӣ, маҳорати кадбонугӣ таваҷўҳи хоса намуд ва бахшида ба «Соли ҷавонон» ва Рўзи байналмилалии Оила фестивал-озмуни вилоятии «Гулдухтарони суғдӣ» дар сатҳи талабот гузаронида шуд. Ин ҳам аз ҳадафҳои ислоҳотпазирии Раиси вилоят бозгўй аст.
Дар меҳвари фаъолияти Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва дар вуҷуди ў пайваста эҳсоси арзишҳои худогоҳиву ватандўстӣ, ифтихори миллӣ, нангу номуси худшиносӣ ва меҳру муҳаббат ба мардуми заҳматкаш дар ҷўшу хурўшанд.
Ба андешаи Абдураҳмон Қодирӣ Ваҳдати миллӣ мактаби сабақомўзист, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба мардуми тоҷик офият бахшид, муҳаббату садоқати инсонӣ, ватандорӣ ва маҳбубиятро дар боғи биҳиштии сарзамини аҷдодӣ решапайванд намуд. Ў ба гуфтори Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Мо як Ватан, як забон, як давлат ва як Модар дорем, ки номаш Тоҷикистон аст!» бо гуфтори худ, бо рафтори худ, бо фаъолияту ташаббусҳои худ садоқат ва устуворӣ дорад.
Мухтор АБДУЛЛОЕВ, Файзулло АТОХОҶАЕВ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон